Monday, February 16, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҲалокати чор нафар аз паи шӯриш дар зиндони Кобул

Ҳалокати чор нафар аз паи шӯриш дар зиндони Кобул

Дар зиндони Пули Чархӣ, калонтарин зиндони Кобули Афғонистон дар натиҷаи бетартибиҳо 4 нафар маҳбусон ҳалок ва 13 тани дигар захмӣ шуданд. Дар ин бора хабаргузории чинии иттилоъ дод.

Тибқи манбаъ, пас аз нисфирӯзии 14-уми апрел, ҳангоми санҷишу аз назаргузаронӣ ҷанҷолу задухӯрдҳо ба амал омадааст, ки дар ҷараёни он як гурӯҳи маҳбусон ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамла кардаанд.

Ҳангоми  задухӯрд 20 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ ҷароҳат бардоштанд. Зиндониён талош кардаанд, ки аз дасти кормандони пулис силоҳашонро кашида гиранд, аз ин рӯ, ба посбонон лозим омадааст, ки ба ҳаво тир кушоянд.

Пули Чархӣ зиндони маъруф ва бузургтарин дар Афғонистон аст. Он барои адои ҷазои ҷинояткорони махсусан хатарнок таъин шудааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular