Wednesday, February 18, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетРаиси КДАМ-и Қирғизистон истеъфо дод

Раиси КДАМ-и Қирғизистон истеъфо дод

Раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон истеъфо дод. Президенти ин кишвар дирӯз, 15 май истеъфои ӯро пазируфт.

Идрис Қодирқулов, раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон дар аризаи истеъфояш навиштааст: “Ба далели моҷарои фасод дар Хадамоти ба рӯихатгирии давлатӣ ва хабарҳо дар бораи доштани иртиботаш ба ин моҷаро маро водор кард, ки ба манзури ворид насохтани халал ба раванди тафтишот аз мақомам канор равам».

Ҳамзамон, 15 май Дастан Бекешов, вакили парлумони Қирғизистон пешниҳод кардааст, ки барои баррасии иддаои иртиботи раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон  бо моҷарои фасод аз ҳисоби вакилон комиссияи вижа таъсис шавад.

Дастан Ҷумабеков, раиси парлумони Қирғизистон ин пешниҳодро пазируфт.

Қаблан, Руслан Сарибоев ва Дониёр Бакчиев, муовинони раиси Хадамоти  ба рӯихатгирии давлатӣ ва Талант Абдуллоев, раҳбари ширкати давлатии “Инфоком” ба иттиҳоми “фасод” боздошт шуда буданд.

Ин афрод барои амалҳои коррупсионӣ, ҳангоми омода кардани бланкаҳои шиносномаи қирғизӣ дар Литва гунаҳкор мешаванд. Дар пайи ин моҷаро Алина Шаикова, раиси Хадамоти  ба рӯихатгирии давлатӣ аз мақомаш барканор шуд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular