Sunday, February 15, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетКорманди боздоштгоҳи Истаравшан ба ришвахурӣ муттаҳам шуд

Корманди боздоштгоҳи Истаравшан ба ришвахурӣ муттаҳам шуд

Як мансабдори боздоштгоҳи рақами 9/5-и шаҳри Истаравшани Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба иттиҳоми ришвахӯрӣ боздошт шуд.

Дафтари матбуотии Агентии мубориза бо фасоди Тоҷикистон дар ин бора хабар дода навиштааст, кормандони ин ниҳод, майор Алишер Алибоев, муовини сардори боздоштгоҳи рақами 9/5-и шаҳри Истаравшани вилояти Суғдро ҳангоми ришвагирӣ аз як шаҳрванд ба маблағи 8 ҳазор сомонӣ боздошт карданд.

Ин муомила дар ҳудуди ноҳияи Истаравшан рух дода, майор Алибоев дар ивази дарёфти ришва ваъдаи мусоидати ғайриқонунӣ ба як зиндониро додааст.

Ин зиндонӣ аз пайвандони ришвадиҳанда будааст.

Алайҳи Алишер Алибоев парвандаи ҷиноӣ ташкил шудааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular