Friday, February 20, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетКабирӣ: Раҳмон дигар ислоҳшаванда нест

Кабирӣ: Раҳмон дигар ислоҳшаванда нест

“Имрӯз оппозитсияи тоҷик ба ин натиҷа расидааст, ки дигар мақомот, ҳади ақал шахси аввали кишвар — раисҷумҳури Тоҷикистон ислоҳшаванда нест” — изҳор дошт Муҳиддин Кабирӣ.

Ӯ дар гуфтугӯи дирӯзааш бо мардум бо ишора ба раванди шаклгирифта дар ин авохир, ки ҳатто тарафдорони ҳукумат аз амалкарди он интиқод мекунанд ва аз раисҷумҳур даъват месозанд то оҷилан ба ислоҳи вазъ пардозанд, гуфт ин як умеди беасос аз Эмомалӣ Раҳмон аст.

Раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон гуфт “имрӯз нафароне, ки мавқеъи оппозитсионӣ гирифтаанд, ё ҳади ақал мавқеъи интиқодӣ гирифтаанд, дақиқан ҳамон талабҳоеро аз ҳукумат мекунанд, ки мо 10-15 сол пештар мекардем. Яъне онҳо хеле дер кардаанд”.  

“Мо ҳам 10 сол пеш ҳамин умедро доштем. Ин дӯстон ҳам ҳоло нома менависанд, мақола менависанд ва аз президент даъват мекунанд вақти он раисдааст, ки мустақиман ворид кор шавад ва вазъиятро ислоҳ кунад, вагарна дер мешавад. Вагарна инқилобе дар пеш аст, мардум ба по мехезад. Ва моҳам дақиқан ҳаминро мегуфтем” — гуфт Кабирӣ.

Ӯ бо муроҷиат ба ин гурӯҳи фаъолгашта зикр кард “биёед каме чашмҳоро бозтар кунем, масъалаҳоро васеътар бубинем ва ин илюзияе, ки ҳамаамон дар он гирифтор будем, канор гузорем.

Раиси Паймони миллӣ таъкид кард, “он касе бояд вазъияро ислоҳ кунад, дигар президент нест, масъулини имрӯза нестанд. Он тарафе, ки бояд вазъиятро ислоҳ кунад, дигар худи миллат аст. Миллат бояд вориди кор шавад.”

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular