Ширкате бо номи “World Gold Council” зимни як гузориш мақоми кишварҳои ҷаҳонро дар робита ба доштани захоири тилло муайян карда, онҳоро раддабандӣ намудааст. Аз нигоҳи ин ширкат Тоҷикистон зинаи 67-ро соҳиб гашта аст.
Гуфта мешавад, дар байни кишварҳои пасошӯравӣ Руссия дорои захоири бои тилло мебошад ва дар ҷаҳон мақоми 7 умро ишғол мекунад. Ин кишвар 1526, 1 тонна захираи тилло доштааст. Тоҷикистон 12, 3 тонна дар ихтиёр тилло дорад. Қазоқистон бо 244 тонна тилло дар ҷои 21 ум қарор дошта, дар байни кишварҳои собиқ Шӯравӣ баъд аз Руссия омадааст. Дар ҳамин ҳол Белорус ҷои 48 умро соҳиб гашта, 40, 5 тонна тилло доштааст. Озарбойҷон бо дороии 30, 2 тонна тилло дар мақоми 55, Укроин ҷои 57 ум (25, 2 тонна) ва Қирғизистон дар ҷои 83 юми рейтинги кишварҳои ҷаҳон аз нигоҳи захоири тилло буда, ҳамагӣ 4, 4 тонна аз ин намуди боигарӣ дар инхтиёд дорад.
Назар ба маълумоти ширкати “World Gold Council” дар ҷаҳони имрӯза Амрико пешсафтарин давлат ба шумор рафта, бо доштани 8133,5 тонна тилло дар ҷои аввал омадааст ва Олмон бо 3378,2 тонна тилло дар ҷои дуюм, Италия бо 2451,8 тонна дар ҷои сеюм қарор дорад. Фаронса (2435,8 тонна) ва Чин (1833,5 тонна) ҷои чоруму панҷумро ишғол намудаанд.
Аммо ба чи сабабҳое дар бораи кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ Ӯзбакистон ва Туркманистон маълумот вуҷуд надоранд.