Monday, February 23, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетНерӯҳои марзбонии Тоҷикистон вазъ дар марзи Қирғизистонро шарҳ дод

Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон вазъ дар марзи Қирғизистонро шарҳ дод

Раёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон ҳодисаи рухдода рӯзи 22 май дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистонро шарҳ дод ва сокинони кишвари ҳамсояро ба халалдор кардани сарҳад гунаҳкор кард.

Мақомоти марзбонии Тоҷикистон зикр кардааст, ки дирӯз ҳудуди 200 сокини деҳаи Қарабоғи Қирғизистон ҳудуди 700 метр ба хоки Тоҷикистон ворид шуда, сабаби муноқишаи марзӣ шудаанд.   

“Онҳо даъвои ғайриқонунӣ пеш оварданд, ки қабристони воқеъ байни деҳаҳои Қурғонча ва Қарабоғ, бинобар ин ки онҷо наздиконашн гӯронида шудаанд, ба онҳо таъаллуқ дорад. Бо истифода аз ин далел, ҷониби Қирғизистон қасд дорад ғайриқонунӣ минтақаи қабристонро, ки 4 гектарро ташкил медиҳад, соҳиб шавад”, иттилоъ медиҳад маркази матбуотии Раёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ.

Марзбонони Тоҷикистон зикр кардаанд, ки “қабристон дар қаламрави Тоҷикистон қарор дорад ва қитъаи баҳсӣ маҳсуб намешавад”.

“Ба хотири пешгирӣ аз воридшавии сокинони деҳаҳои мазкур ба қаламрави муҳофизашавандаи Тоҷикистон, ҳарбиёни қисми сарҳадии “Исфара”-и НМ КДАМ ҶТ ба ҳаво тир холӣ карда шуд” — омадааст дар иттилоъия.

Гуфта мешавад соати 13-и 22 май байни марзбонони Тоҷикистону Қирғизистон гуфтушунид анҷом гирифт. Айни ҳол вазъ мӯътадил аст ва ҳифояи сарҳад дар шакли маъмулӣ ҷараён дорад.

Қаблан Иқбол Тешаев, сухангӯи раиси шаҳри Исфара хабар дода буд, ки ҳудуди 200 сокини деҳаҳои Қирғизистон ба қаламрави Тоҷикистон ворид шуда “ба иғвоангезии худ идома медиҳанд”.   

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular