Дишаб 60 моҳвора осмони Тоҷикистонро убур карданд, ки гуфта мешавад, аз ҷониби ширкати SpaceX ба фазо фиристода шудаанд. Касоне, ки гузашти ин моҳвораҳоро мушоҳида кардаанд, мегӯянд, ин ҳол аксариятро дар зайрат гузошт.
Тавре пештар хабар дода будем, ин моҳвораҳо ба Ширкати SpaceX тааллуқ доранд, ки ба Ин Ширкат бо сарварии сарватманд Илон Макс, моҳвораҳои аввалинро барои таъмини интернети ройгон ба мадори Замин баровард. Бо расидан ба хатти парвози доимии худ ҳамаи 60 моҳвораи хурд бо шабакаи интернет пайваст шуданд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон мақомот ҳамвора кӯшиш карда истодаанд, ки нархи интернет баланд бардошта шавад.
Дар Тоҷикистон бино ба маълумотҳо аз 15 то 40 дар сади аҳолӣ аз Интернет истифода мебаранд. Мақомоти Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ҳам мегӯянд, ки дар кишвар тақрибан 3 миллион истифодабарандаи Интернет аст.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

