Минбаъд дар Қирғизистон, ҳадди ақал то мисли Тоҷикистон пайдо шудани даъвогари пешвоӣ ҳар президенти собиқ, ки дар даврони президентияш ба қонуншиканӣ даст зада буд, мавриди пайгарди қонунӣ қарор хоҳад гирифт.
Дар Қирғизистон рӯзи 27 май қонуни наве ба иҷро даромад, ки мавриди пайгарди қонунӣ қарор додани собиқ президентонро иҷоза медиҳад. Ин қонун миёнаҳои моҳи май аз ҷониби президенти амалкунанда Сооронбой Ҷеенбеков имзо шуд.
Ин қонун дар ҳоле ба ба ҳукми иҷро касб кард, ки Алмосбек Отамбоев, собиқ президенти ин кишвар аз мақоми раиси ҳизби оппозитсионии сотсиал-демократи Қирғизистон истеъфо дод. Ҳоло қонуни нав иҷоза медиҳад, ки дар заминаи қарорҳои қабулкардаи Отамбоев таҳқиқоти ҷиноӣ ба роҳ монда шавад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки қонун боз шудани парвандаи ҷиноӣ нисбати президенти амалкунандаро иҷоза намедиҳад.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

