Saturday, February 7, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетЛатукӯби як сокини бегуноҳи Ёвон дар Норак аз тарафи сардори ШКД ва...

Латукӯби як сокини бегуноҳи Ёвон дар Норак аз тарафи сардори ШКД ва таҳқири Аллоҳу Қуръон (акс)

Бо вуҷуде, ки борҳо латукӯби шаҳрвандон аз тарафи кормандони ВКД расонаӣ ва собит шудааст, ин ниҳод ҷой доштани ҳодисаҳои латукӯбро инкор мекунад. Имрӯз чанд акс аз як сокини Ёвон дастраси мо шуд, ки аз тарафи кормандони ШКД-и ноҳияи Норак бидуни ҳеҷ гуноҳе латукӯб шудааст.

Шукуров Саидмузаффар, таваллудаш 2-уми феврали 1990, истиқоматкунандаи ноҳияи Ёвон, рӯзи 9 январи соли ҷорӣ ба шаҳри Норак барои кумак ба сохтмони  хонаи тағояш меравад. Се рӯз пас, субҳ соати 8 дар шаҳри Норак пули кампиреро мерабоянд. Тахминан соати 10 Саидмузаффар дар кӯча тасодуфан бо як нозири минтақавии ШКД Норак, ки сокини Ёвон буда, бо Саидмузаффар ду рӯз қабл шинос шуда будааст, вомехӯрад. Нозир аз Саидмузаффар мепурсад, ки оё аз ин ҳодиса огоҳӣ дорад? Ӯ посух медиҳад, ки бале, шунидааст, ки кампиреро ғорат кардаанд. Нозир хоҳиш мекунад, ки ба ҳайси шоҳид баёнот диҳад ва рақами телефонашро мегираду ду соат пас занг зада ӯро ба ШКД даъват мекунад. Вақте Шукуров ба утоқи кории нозир меравад, худи нозирро онҷо пайдо намекунад, вале дар утоқи ӯ ҷонишини сардори ШКД, сардори шӯъбаи кофтукоби ҷиноятӣ, ки худашро муаррифӣ накардааст ва се корманди ин шӯъба ҳузур доштаанд.

Ин 5 нафар бидуни ҳеҷ пурсише ба задани Саидмузаффар оғоз мекунанд ва талаб мекунанд, ки ҳарчӣ дар киса дорад рӯи миз гузорад. Ӯ чизҳои дар киса доштааш, аз ҷумла 13,5 ҳазор рубли русиро рӯи миз мегузорад. Бо ӯ чун бо ҷинояткори ҳангоми ҷиноят дастгиршуда муносибат мекунанд. Саидмузаффар талаб мекунад, ки ӯро бо кампир рӯбарӯ кунанд, аммо касе ба ҳарфаш гӯш намедиҳад.

Баъд ӯро ба назди сардори ШКД-и Норак Ниёззода Зафар Ниёз мебаранд. Ниёззода ба як нафари дар наздаш қарордошта амр мекунад, ки баёноти Саидмузаффарро бигиранд. Шукуров дар баёноташ чӣ кор кардан ва куҷо буданашро то замон ва ҳангоми судури ҷиноят дақиқа ба дақиқа зикр ва собит мекунад, вале Ниёззода бе он ки баёноташро тафтиш кунад, ӯро зери мушту лагаду чӯбдаст мегирад. Беш аз як соат сардори ШКД-и Норак Саидмузафарро бо чӯбдаст латукӯб мекунад, ки дар натиҷа тамоми бадани ӯ сиёҳу кабуд мешавад. Дар охир бо лагад байни пойҳои ӯ мезанад, ки нафасаш мегирад. Саидмузаффар мегӯяд “қасам ба номи Аллоҳ, Қуръон занад, ман ин корро накардам”. Ниёззода посух медиҳад, ки “Аллоҳу Қуръонат дар …и очаат”.

Як шабонарӯз Саидмузаффар Шукурови бегуноҳро дар шӯъба бидуни обу ғизо нигоҳ медоранд ва ҳатто иҷоза намедиҳанд ба хонааш занг занад. Иҷозат пурсиданаш барои таҳоратро бо дашномҳои қабеҳ посух мегӯянд. Баъди як шабонарӯз дуздҳои воқеъиро дастгир мекунанд, вале Саидмузаффарро 8 соати дигар бо ҳар баҳона нигоҳ медоранд. Танҳо омадани чанд нафар аз вазорат, ки барои коре ба Норак омадаанд, ӯро наҷот медиҳад, ки дарҳол раҳояш мекунанд. Вале аз 13500 рубли русӣ танҳо 10500 рублашро бармегардонанд.

Саидмузаффарро баъди шунидани қиссааш, на беморхонаи Ёвон ва на Норак қабул намекунанд ва танҳо баъди як ҳафтаи даводав дар беморхонаи Қарияи боло бистарӣ мешавад (аксҳое, ки дар он асари зарб камтар мондааст дар беморхонаи Қарияи боло ҳангоми муониаи тиббӣ бардошта шудаанд). Дар ин муддат ӯ се маротиба ба телефони боварии ВКД ҳам занг мезанад. Ҷонишини сардори ШКД-и Норак Одинаев ба наздаш омада мепурсад, ки чӣ мехоҳад. Шукуров мегӯяд маблағи табобати маро пардохт кунед, дигар даъво надорам. Одинаев танҳо ҳамон се ҳазор рубли худашро бармегардонаду мегӯяд, ки агар ба СММ ҳам шикоят кунӣ, фоидаат намекунад.

Баъди рухсатӣ шуданаш аз беморхонаи Қарияи Боло Шукуров ба дарди сар гирифтор мешавад ва дар томография маълум мешавад, ки ду ҷои сараш ҳам зарб хӯрдааст. Сарашро дар беморхонаи Ёвон табобат мекунад. Дар ин муддат ба Додситонии кулл, Дастгоҳи Раисҷумҳур ва Оҷонсии мубориза бо фасод номаи шикоятӣ менависад, аммо ҳеҷ мақоме ба номаҳояш таваҷҷӯҳ намекунад.

Билохира баъди хориҷ шуданаш аз Тоҷикистон, Саидмузаффар тасмим гирифтааст, ки ба мо муроҷиъат кунад, то қиссаи тӯҳмату шиканҷа шуданашро нашр кунем.

Бешубҳа, Вазорати корҳои дохила ин ҳодисаро инкор хоҳад кард. Вале дигар иқрору инкори онҳо муҳим нест. Муҳим ин аст, ки ҷабрдидагон аз ин ҳодисаҳо бигӯянд ва мардум бидонанд. ВКД-ву дигар мақомот ҳатман рӯзе посухи ҷиноятҳояшонро хоҳанд гуфт.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular