Тули як ҳафта аст, ки дар Тоҷикистон аз санаи 20 май Гугл, Ютуб, шабакаҳои иҷтимоӣ, мессенҷерҳо ва сомонаҳои мустақили хабариро масдуд кардаанд. Илова бар ин сомонаи идораҳои расмӣ низ дучори мушкили бесобиқа шудаанд. Ин сомонаҳо инак як ҳафта боз фақат дар дохили Тоҷикистон кушода мешаванд.
Ҳоло дар хориҷ аз Тоҷикистон сомонаҳои ВКД, Прокуратураи генералӣ, судҳо, вазоратҳои фарҳангу саноат, кумитаи дин, нашрияҳои «Ҷумҳурият” ва ҳатто «СССР” кушода намешаванд. На ба таври маъмулӣ ва на бо истифода аз ВПН. Аммо сомонаи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, ки масъулияти таъмини сомонаҳои расмии идораҳои давлатиро низ бар ӯҳда дорад, аслан мамнӯъ шудааст ва ҳангоми кӯшиши кушоданаш браузерҳои интернет чунин посух медиҳанд: «Мамнӯъ аст. Шумо ҳаққи дастрасӣ ба Бег Сабурро дар ин сервер надоред.”
Сомонаи «Ахбор” навиштааст, ки дар чандин кишвар, аз ҷумла дар Русия, Украина, Латвия, Чехия, Олмон ва Шветсия санҷиш гузаронида, маълум кардааст, ки дар ин кишварҳо даҳҳо сомонаи идораҳои давлатии Тоҷикистон кушода намешаванд.
Тули як ҳафтаи охир интернет-браузерҳо, аз ҷумла Google Chrome, Firefox Mozilla, Internet Explorer, ҳангоми чидани нишонии сомонаҳои идораҳои расмии Тоҷикистон, якравона як посух медиҳанд, ки ин сомона дар дастрас қарор надорад.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

