Saturday, September 6, 2025
ads
HomeХабарҳоБа ҳамсари Муҳаммадалӣ Ҳаит иҷозаи вохӯрӣ бо шавҳарашро додаанд

Ба ҳамсари Муҳаммадалӣ Ҳаит иҷозаи вохӯрӣ бо шавҳарашро додаанд

Пас аз давутоз баъди шунидани хабари маҷрӯҳии шавҳараш, ба Савринисо Ҷӯраева, ҳамсари Муҳаммадалӣ Ҳаит муяссар шудааст иҷозаи вохӯрӣ бо шавҳарашро барои мулоқот бо у дарёфт кунад.

Аввал ӯ ба қабули Иззатулло Шарипов сардори раёсати ислоҳи маҳбасҳои вазорати адлия рафтааст, аммо онҷо ба ӯ гуфтаанд, ки имрӯз рӯзи қабул нест. Ва маслиҳат додаанд, ки иҷозаи вохӯрӣ бо шавҳарашро аз қозии додгоҳ метавонад бигирад.

Баъди муроҷиат ба додгоҳ, Абдуҷаббор Сатторзода, муовини раиси Додгоҳи олӣ ва қозии парвандаи наҳзатиён санади иҷозатро содир кардааст.

Дар Сарраёсати ислоҳи маҳбасҳои вазорати адлия ба Савринисо Ҷӯраева гуфтаанд, ки пагоҳ рӯзи қабули Изатулло Шарипов аст ва ӯ агар шикояте дорад, метавонад ба ӯ расонад.

Аммо фардо ин мақом ба вохӯрии Муҳаммадалӣ Ҳаит бо завҷааш иҷоза хоҳа дод ё на, суоли матраҳ боқӣ мемонад.

Дирӯз як манбаи мӯътамад ба мо иттило дод, ки Муҳаммадалӣ Ҳаит бо дасту пои шикаста дар утоқи инфироди торики боздоштгоҳи Вазорати адлия нигоҳдорӣ мешавад.

Ин имкон ҳам вуҷуд дорад, ки ба Савринисо Ҷӯраева танҳо бо шарти расонаӣ накардани ҷараёни вохӯрӣ бо шавҳараш ва такзиби хабари маҷрӯҳии ӯ иҷозаи вохӯрӣ диҳанд.  фишори мақомоти интизоми ва амнияти  болои наздикони зиндониёни сиёси дар Тоҷикистон табдил ба як амри табиъи гаштааст .

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?