Sunday, June 1, 2025
ads
HomeХабарҳоНигаронии СММ аз шумори зиёди гурезаҳои вилояти Қундуз

Нигаронии СММ аз шумори зиёди гурезаҳои вилояти Қундуз

Даргириҳои шадид дар Қундузи Афғонистон сабаб гаштааст, ки ҳазорҳо нафар аз аҳолии таҳҷоии ин минтақа хонаву дари худро партофта ба ҷойҳои амнтаре бигрезанд.

Созмони милали муттаҳид мегуяд, дар ҳашт рӯзи охир аз вилояти Қундуз 33 000 нафар фирор кардаанд. СММ аз вазъи ба амаломада изҳори нигаронӣ намудааст ва ҷонибҳоро ба оташбас даъват сохтааст. Гуфта мешавад, ки даргириҳо миёни ҷангиёни Толибон ва нерӯҳои ҳукуматӣ ҳанӯз идома доранд ва он 3 юми октябр шурӯъ шуда буд. Толибон аз чаҳор самт ба Қундуз ҳамлавар гаштанд ва шаҳрро бо як ҳамла аз дасти ҳукумат гирифтанд.


Бино бар хабарҳо аҳолии ин шаҳр аз камбудии оби ошомиданӣ, дору ва ғизову нерӯи барқ азият мекашанд, ки ноамниҳи рӯзҳои охир ин мушкилро ба сари онҳо бор намудааст. Назар ба маълумоти Вазорати умури гурезаҳои Афғонистон, дар натиҷаи даргириҳои шадид миёни Толибон ва нерӯҳои низомии Кобул вилояти Қундузро зиёдтар аз 100 000 нафар тарк карда, ба минтақаҳои нистабан ороми Афғонистон гурехтаанд.

Гуфта мешавад, дар сафи Толибон тоҷикону ӯзбакон низ кам нестанд ва онҳо шомили созмони “Ансоруллоҳ” ва Ҳаракати исломии Ӯзбакистон мебошанд.


Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, нерӯҳои марзбонии кишвар бо шурӯи ноамниҳо дар Қундузи бо Тоҷикистон ҳаммарз ба ҳоли омодабош оварда шудаанд, аммо то ҳанӯз аз ҷониби размандагони Толибон тахриби марз ва ё ягон амали ифодагари хатари таҷовуз ба мушоҳида нарасидааст ва минтақаи сарҳадӣ таҳти назорати шадиди марзбонони тоҷик қарор дорад.

 

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика