Thursday, February 26, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетБаъди эътирози мухолифин шиканҷаи зиндониҳо шиддат гирифтааст

Баъди эътирози мухолифин шиканҷаи зиндониҳо шиддат гирифтааст

Тибқи иттилоъи як манбаъи Паём шиканҷаи зиндониёни сиёсӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон пас аз силсилаэътирозҳои мухолифин шиддати нав касб кардааст. Манбаъ мегӯяд бо дастури раҳбарияти Раёсати муассисаҳои ислоҳотии Вазорати адлия, маҳбусони сиёсӣ, бахусус онҳое, ки наздиконашон дар эътирозҳои Аврупо ширкат карданд, зери шиканҷаву латукӯб қарор доранд.

Аз ҷумла додани хӯрока ба онҳое ҳам ки то индам иҷоза буд дубора манъ гардидиаст. Тибқи гуфтаи манбаъ, ки дар яке аз муассисаҳои ислоҳотӣ кор мекунад, фармони манъи гирифтани хӯрок барои маҳбусони сиёсӣ, аз ҷониби яке аз муовинони сардори Раёсат расидааст.

Гуфтанист рӯзҳои 4-ум ва 5-уми июн дар чаҳор шаҳри Аврупо — Вилнюс — пойтахти Литва, Бонни Олмон, Вена — пойтахти Утриш ва Варшава — пойтахти Лаҳистон эътирози фаъолони тоқик алайҳи шиканҷа дар зиндонҳо баргузор гардид. Дар эътирози Варшава наздикони чанд маҳбуси сиёсӣ низ ширкат ва суханронӣ карданд.

Баъди ин эътирозҳо тарафдорони ҳукумати Тоҷикистон ба таҳдиди фаъолон, бахусус фарзандони зиндониҳои сиёсӣ оғоз карданд. Аз ҷумла ба Шӯҳрати Раҳматулло, фарзанди Раҳматуллоҳи Раҷаб таҳдидҳои пур аз фаҳш фиристодаанд, ки ду намунаашро дар зер меорем.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular