Friday, February 27, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетӮзбекистон шаҳрвандонашро аз Сурияву Ироқ бармегардонад

Ӯзбекистон шаҳрвандонашро аз Сурияву Ироқ бармегардонад

Усмонхон Алимов, раиси Идораи мусалмонони Ӯзбекистон дар суҳбат бо телевизионҳои маҳаллӣ гуфт, дар минтақаҳои низои Ховари Миёна қариб 3 ҳазор ӯзбекистонӣ ҳузур доранд ва онҳо ба ватан оварда хоҳанд шуд.

Ҳукумати Ӯзбекистон 30 май хабар дод, ки аз Шарқи Наздик 156 зодаи Ӯзбекистон бо ҳавопаймои махсус ба кишвар оварда шудааст. Мақомоти Ӯзбекистон гуфтанд, амалиёти наҷотдиҳӣ идома мекунад.

Имрӯзҳо телевизионҳои Ӯзбекистон бо касоне мусоҳиба анҷом медиҳанд, ки аз Сурия баргаштаанд. Занҳои баргашта мегӯянд, бо роҳи фиреб ва иҷбори шавҳарону бародарон ва ё фарзандонашон ба онҷо рафта буданд.

Ба иттилои мавҷуда, танҳо дар як урдугоҳи Ал-Холи Сурия аз 150 то 500 шаҳрванди Ӯзбекистон ҳузур дорад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular