Friday, February 27, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетТоҷикони муқими Русия нияти тазоҳуротро доранд

Тоҷикони муқими Русия нияти тазоҳуротро доранд

Тоҷикони муқими Русия, ки дорои шаҳрвандии ин кишвар ҳастанд, ният доранд як тазоҳурот дар Маскав ва пикетҳои якнафарӣ дар шаҳрҳои дигари Русия анҷом диҳанд. Ин эътирозҳо ба ҳодисаи чанд рӯз пеши таҳқири шаҳрвандони Тоҷикистон нигаронида шудааст.

Каримчон Ёров, ҳомии ҳуқуқи тоҷик хабар медиҳад гурӯҳе аз тоҷикони муқими Русия пешниҳод кардаанд алайҳи таҳқири тоҷикон дар ин кишвар тазоҳуроте дар Маскав ва пикетҳои якнафарӣ дар рӯбарӯи намояндагиҳои Тоҷикистон дар ин кишвар таҳкил карда шавад.

Пешниҳод шудааст эътирозгарон бо шимҳои тугмаҳояшон кушода аз ҷониби пеш ширкат кунанд.

Ҳамчунин тибқи гуфтаи Ёров гурӯҳе аз тоҷикони муқими Русия тамоми хароҷоти ин пикетҳо, аз ҷумла пардохти ҷаримаҳоро ба дӯш гирифтаанд.  

Гуфтанист, ду рӯз қабл акси 8 нафар тоҷики боздоштшудаи гумонбар дар марги Сергей Чуев, варзишгари рус бо эзори поёновардашуда нашр уд, ки мавҷи эътирози тоҷикон дар шабакаҳои иҷтимоиро ба бор овард.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular