Saturday, February 28, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетТарма 200 гӯсфандро бурд

Тарма 200 гӯсфандро бурд

Бар асари боришоти барзиёд шоми 10 уми июн наздик ба 200 сар гӯсфанд дар ағбаи Ғузни ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ зери тарма монда, талаф ёфтаанд.

Дар ин бора хабарнигор Фитрати Ҳикмат, дар сомонаи Куҳистони масҷоҳ иттилоъ додааст.

Тавре манбаъ хабар медиҳад, тибқи иттилоъи  раиси хоҷагии деҳқонии “Сурхкат”-и ҷамоати Иван – Тоҷик, сокинони деҳаҳои Ғузну Ғукати ҷамоати мазкур ба ҷустуҷӯи ду нафар чӯпон ба кӯҳ баромадаанд, ки тақдири онҳо ва боқимондаи гӯсфандон маълум нест.

Ҳама сола дар фасли баҳор  дар моҳҳои май ва июн даҳҳо ҳазор сар гову гӯсфанд аз ноҳияҳои Масчоҳ ва Деваштичи вилояти Суғд ба чарогоҳҳои ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ оварда мешаванд.

Аҳмадов Саидҳаким як нафар чӯпон аз деҳаи Рогиф  дар як тамоси телефонӣ ба хабарнигори “Паёми Кӯҳистон” хабар додааст, ки тайи 15 рӯз аст, ки беш аз 8 ҳазор сар гӯсфанд дар тагоби деҳаи Пакшифи ҷамоати Лангар бар асари номусоидии боду ҳаво ва боришоти зиёди барф дар мондаанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular