Saturday, February 28, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМуҳоҷирони кишварҳои узви ИИАО аз Русия нафақа хоҳанд гирифт

Муҳоҷирони кишварҳои узви ИИАО аз Русия нафақа хоҳанд гирифт

Муҳоҷирон аз кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) имкони гирифтани нафақа аз Русияро пайдо хоҳанд кард. Чунин банд дар бастаи ҳуҷҷатҳо барои созишнома байни кишварҳои ИИАО пешбинӣ мегардад, ки аз тарафи Вазорати меҳнати Русия ба шӯрои коршиносони назди ҳукумати он фиристода шудааст, хабар медиҳад .

Тибқи ҳуҷҷат, баъди тасвиби созишнома, кишваре, ки муҳоҷир дар он кор кардааст ва ба фонди нафақа пардохт намудааст, ба ӯ баъди бозгашташ ба ватанаш нафақа хоҳад дод. Стажи кории бадастоварда дар кишварҳои узви ИИАО ҷамъ карда мешаванд. Нафақаи таъинкрадашуда дар як кишвар, дар сурати кӯчидани нафақахӯр ба кишвари дигар, ба онҷо фиристода хоҳад шуд. Дар ҳоли ҳозир муҳоҷирон ба Фонди нафақаи Русия пардохт мекунанд, аммо нафақа намегиранд.  

Вазорати меҳнат хоҳиш кардааст ҳуҷҷат “дар камтарин мӯҳлати имконпазир” тасвиб крада шавад. “Дар назар аст, ки созишнома тирамоҳ имзо гардида, то охири сол аз тараф тамоми аъзои узви ИИАО тасвиб хоҳад шуд” — гуфтаанд дар хадамоти матбуотии вазорат ба агентӣ.

Ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё Русия, Белорус, Қазоқистон, Арманистон ва Қирғизистон шомиланд. Тибқи ҳисоби Вазорати меҳнати ФР, хароҷоти иловагии Фонди нафақа дар солҳои 2020-2021 дар умум 166 миллион рублро ташкил хоҳад дод. Аз ин 75 млн рубл ба шаҳрвандони Белорус, Қазоқистон, Арманистон ва Қирғизистон ва 91 млн рубл ба шаҳрвандони Русия, ки баъди баромадан ба нафақа бакишвраҳои дигар кӯч мебанданд.

Қирғизистон як чунин шартномаро аллакай бо Туркия, ки солҳои ахир ба самти асосии ҳиҷрати кории муҳоҷирон ин кишвар табдил шудааст, дорад. Шаҳрвандони Қирғизистон, ки дар Туркия кор кардаанд, аз ин кишвар нафақа мегиранд.

Тоҷикистон солҳост, ки мекӯшад як чунин созишномаро бо Русия ба имзо расонад. Дар ҳар сафари кории мақомоти ду ҷониб ин масъала аз ҷониби Тоҷикистон бардошта мешавад, аммо Русия ҳар дафъа онро ба оқиб меандозад.   

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular