Тибқи муаянсозии Шохиси суботи ҷаҳонӣ, дар як соли гузашта, таҳдид ба субот дар Тоҷикистон зиёд шудааст ва аз ин ҷиҳат кишвар дар Шохиси Суботи Ҷаҳонӣ дар муқоиса ба соли 2018 ноамн дониста шудааст.
Ин шохисро, ки Пажӯҳишгоҳи Иқтисод ва Сулҳ нашр кард, нишон додааст, ки омилҳои бесуботӣ дар Тоҷикистон дар соли 2019 назар ба соли гузашта зиёдтар шудааст.
.Шохиси Суботи Ҷаҳонӣ ба асоси 23 меъёр таҳия мешавад ва аз ҷумла, омилҳои дохиливу хориҷӣ, робита бо ҳамсояҳо, ҳуқуқи инсону шароити иқтисодӣ ва иҷтимоиро дар бар мегирад.
Ду ошӯб дар зиндонҳо, дар муддати камтар аз ним сол, бадтар шудани вазъи ҳуқуқи инсон ва бесуботтар шудани Афғонистони ҳамсоя аз ҷумлаи омилҳои хатарзо ба амният ва суботи Тоҷикистон будаанд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

