Friday, February 27, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетИмтиҳони Тоҷикистон дар Кумитаи ҳуқуқи башари СММ: пешбинӣ ва интизориҳо

Имтиҳони Тоҷикистон дар Кумитаи ҳуқуқи башари СММ: пешбинӣ ва интизориҳо

Рӯзҳои 3-4 июл намояндагони Тоҷикистон аз чанд мақомоти ҳуқуқӣ назди Кумитаи ҳуқуқи башари СММ “имтиҳон” хоҳанд супурд. Шумори “имтиҳонгирандагон” маҳдуд нест.

Ҳади ақал панҷ Созмон гузоришу суолҳои худ ба намояндагони ҳукумати Тоҷикистонро аллакай ба Кумитаи ҳуқуқи башар фиристодаанд ва омодаи “имтиҳонгирӣ” аз мақомоти Тоҷикистон мешаванд. Интизор меравад баҳси гармтар аз баҳсҳои қаблӣ дар Варшава хоҳад буд.

Дар нишасти Кумитаи ҳуқуқи башари (КҲБ) СММ, ки дар Женева баргузор мегардад, ҳар созмон ва ҳатто фаъолони ҷомеъаи шаҳрвандии Тоҷикистон ҳақи суол додан ба намояндагони Тоҷикистонро доранд. Интизор меравад ҳайате аз Паймони миллии Тоҷикистон ҳам дар нишаст ҳузур хоҳанд дошт ва суолҳое ҳам омода кардаанд.

Бахше аз суолҳои барои ҳайати Тоҷикистон нофорам аллакай садо додаанд: дар бораи зиндониёни сиёсӣ, шиканҷа дар зиндонҳо, рейдҳо алайҳи ҳиҷобу риш, сабабҳои баста шудани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва ғайра.

Муовини раиси Паймони миллӣ Алим Шерзамонов ба Паём гуфт, ПМТ як ҳайати сенафари худро ба ин нишаст ирсол хоҳад кард. Ӯ таъкид кард бо назардошти қавоиди нишаст, ҳайати ПМТ ҳатман гузориш ва суолҳои худ ба ҳайати Тоҷикистонро ироа мекунанд.

Маҳмудҷон Файзраҳмонов, масъули равобити хориҷии Паймони миллии Тоҷикистон мегӯяд, ин ки Созмони милал ва дигар созмонҳои байналмиллалӣ озодсозии бидуни қайду шарти зиндониёни сиёсиро талаб мекунанд, ба ин маънист, ки СММ ва дигар созмонҳо вуҷуди зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистонро қабул доранд.

Ӯ ба ниёзи ҷомеъаи шаҳрвандии Тоҷикистон ба кӯмаки созмонҳои байналмилал ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар расидан ба озодиҳои шаҳрвандӣ эътироф кард ва таъкид кард, ки танҳо муттаҳидӣ ва кӯшишҳои худи тоҷикистониён метавонад ба натиҷаҳои хубе дар ин чода бирасонад.

Масъули равобити хориҷии ПМТ гуфт ду соли охир ҷомеъаи шаҳрвандии Тоҷикистон ба натиҷаҳое дар ин самт ноил шуд, ки қаблан ҳатто тасаввур кардан мушкил буд ва озодии Ҳамзаи Тиллозода, Хайрулло Мирсаидов ва дигаронро мисол зад.

Файзраҳмонов таъкид кард, ки СММ на танҳо озодии се нафареро, ки талаб кардааст пайгирӣ хоҳад кард балки ҳатман масъалаи озодии 11 нафари дигарро баррасӣ мекунад ва умед меравад, ки қазия ба нафъи зиндониёни бегуноҳ тамом мешавад.

Ӯ гуфт бастани ҲНИТ ва ба зиндон андохтани раҳбаронаш хатои бузурги стротежии ҳукумати Тоҷикистон буд ва ҳукумат имрӯз дорад бо аз даст додани обрӯву эътибораш дар арсаи байналмиллалӣ ҷуброни онро мепардозад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular