Saturday, February 28, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҶамшед Ёров: Алайҳи Бузургмеҳр Ёров парвандаи нав боз кардаанд

Ҷамшед Ёров: Алайҳи Бузургмеҳр Ёров парвандаи нав боз кардаанд

Мақомоти Тоҷикистон алайҳи вакили маъруфи дифоъ Бузургмеҳр Ёров парвандаи нав боз кардаанд. Дар ин бора бародари ӯ ҳуқуқшинос Ҷамшед Ёров хабар дод.

Қузъиёти парвандаи нав маълум нест. Ҷамшед Ёров дар сӯҳбат бо Паём гуфт, ки танҳо хабар ёфтаанд, ки алайҳи бародараш парвандаи нав оғоз шудааства онҳо ҳоло кӯшиш доранд ҷузъиёти онро дақиқ кунанд.

Ҷамшед Ёров мутмаъин аст, ки парвандаи нав ба талаби Кумитаи ҳуқуқи башари СММ ва Иттиҳодияи Аврупо бастагии мустақим дорад. “Бо ин восита онҳо мехоҳанд мӯҳлати озодсозии Бузургмеҳрро ба таъхир андозанд”- гуфт Ҷамшед Ёров.

Қаблан ҳам Додситонии кулли Тоҷикистон ду маротиба ба итмом расидани додгоҳи Ёров алайҳи ӯ парвандаҳои нав боз карда буд. Яъне Бузургмеҳр Ёров дар муддати кӯтоҳ се маротиба маҳкум шудааст ва ин навбати чаҳорум аст, ки алайҳаш парванда боз мешавад.

Вакили маъруфи дифоъ дар умум ба 28 соли зиндон маҳкум шудааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular