Monday, March 2, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетТеррористи зеландиёӣ ба гуноҳаш иқрор намекунад

Террористи зеландиёӣ ба гуноҳаш иқрор намекунад

Брентон Таррант, сокини Австралия, ки ба масҷиде дар шаҳри Крайстчёрчи Зеландияи Нав ҳамла карда буд, айбҳои нисбат ба ӯ эълоншударо эътироф намекунад.

Расонаҳои Зеландияи Нав навиштанд, ки вакили мудофеи вай дар додгоҳ дар ин бора изҳорот додааст. Худи Таррант ҷараёни ҷаласаи додгоҳиро ба воситаи дурбини видео аз маҳбас назорат мекард.

Додгоҳ гуфт, ду ташхиси тиббӣ мушаххас кард, ки Таррант ҳеч бемории равонӣ надорад.

Муҳокимаи парвандаи вай моҳи майи соли 2020 оғоз мешавад.

Тарранти 28-сола дар анҷоми амали террористӣ, куштори 51 одам ва сӯиқасд ба ҷони 40 тани дигар айбдор мешавад.

Брентон Таррант 15-уми марти имсол ба сӯи намозгузорони як масҷиди шаҳри Крайстчёрч аз силоҳ тир андохт. Вай аз ҷои ҳодиса фирор карда, ба масҷиди дигар ҳамла бурд. Таррант ин амалашро мустақиман дар Facebook нашр мекард.

Мақомоти Зеландияи Нав гуфтанд, ки Брентон Таррант аз силоҳе истифода кардааст, ки қонунӣ ба даст оварда буд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular