Tuesday, March 3, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетИнтиқоли пул ба Тоҷикистон аз Русия камтар шудааст

Интиқоли пул ба Тоҷикистон аз Русия камтар шудааст

Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирони тоҷик ба Тоҷикистон нисбат ба семоҳаи аввали соли 2018 5,1% камтар шудааст.

Ҳаҷми умумии интиқоли маблағ аз тарафи шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон 462 млн. долларро ташкил додааст. Дар ҳамин давари соли гузашта ин маблағ ба 487 млн. доллар баробар буд.

Коҳиши интиқоли пули муҳоҷирон аз Русия метавонад то соли 2022 идома кунад. Коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ бӯҳрони нави иқтисодӣ дар Русияро пешбинӣ мекунанд.

Вазорати иқтисоди Русия ҳам қаблан эълом карда буд, мизони тавлиди маҳсулоти нохолиси миллии ин кишвар, ки бояд таи се моҳи нахусти соли ҷорӣ ба яку ним дар сад мерасид 8 даҳуми дар садро ташкил додааст.   

Тибқи маълумоти гуногун, айни замон беш аз 1 млн. нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия кору зиндагӣ мекунанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular