Wednesday, March 4, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетТашаккури Путин аз пазироӣ…баъди 2 рӯз

Ташаккури Путин аз пазироӣ…баъди 2 рӯз

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури ҶТ рӯзи гузашта бо Владимир Путин, ҳамтои русияии худ аз тариқи телефон музокира кард, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи сешанбе.

Бино ба иттилоъи маркази матбуъотии раисҷумҳури ҶТ, тарафҳо дар ин сӯҳбат дар бораи натоиҷи панҷумин нишасти Таъомул ва иқдомоти эътимодсоз дар Осиё, ки рӯзи 15 июн дар Душанбе баргузор шуд, табодули афкор карданд.

Путин барои пазироии хуб ва меҳмоннавозии ҳайъати Русия сипосгузорӣ ва сатҳи болои роҳандозии нишастро эътироф кард.

Тарафҳо масоъили муҳимми равобити дуҷонибаи Русия ва Тоҷикистон, аз ҷумла, мушорикати роҳбурдӣ, масоъили байналмилалӣ ва минтақаиро низ баррасӣ карданд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular