Thursday, February 19, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетСе узви як хонадон дар Панҷакент ба зери хок монданд

Се узви як хонадон дар Панҷакент ба зери хок монданд

Ин фоҷиа қарибиҳои намози асри рӯзи гузашта, 12 уми октябр рух додааст. Се узви як хонадон дар ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд барои хок кандан ба назди пуштае мераванд, ки маълум мешавад, мардуми маҳал аз он ҷой хок оварда, барои дару девори худ истифода мекардаанд.

Ва ҳини хок кандан тасодуфан камари хокканҷой ба пушти онҳо зарозер омада, ҳар серо зер мекунад. Онҳо аз фишори баланди хоки зиёд дар ҳамон асно ба ҳалокат мерасанд.

Раҳгузарони шоҳид аз авҳол воқиф гардида, ба пайвандони марҳумон хабар расондаанд.
Зерихокмондагон зодагони ҷамоати Косатароши Панҷакент буда, яке Муҳиддинов Саид ном дошта, марди 38 сола будааст.

Бародари ӯ Муҳиддинов Субҳони 25 сола низ дар ҷои ин ҳодиса буда, ба ҳалокат расидааст.  Бародарзодаи онҳо Рабим Муҳиддинов, ки ҳамагӣ 20 сол дошта, гуфта мешавад,  донишҷӯ будааст.  

Бино ба хабарҳои расида Саид дар корхонаи тиллои “Зарафшон” ба ҳайси ронанда кор мекардааст ва Субҳон бошад , дар мактаби деҳа муаллим будааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular