Sunday, June 1, 2025
ads
HomeХабарҳоМилисаи ноҳияи Шоҳмансур нисбат ба як зан зӯроварӣ кардааст

Милисаи ноҳияи Шоҳмансур нисбат ба як зан зӯроварӣ кардааст

Ин хабар аз ҷониби Эътилофи зидди шиканҷаи Тоҷикистон расида, дар он гуфта мешавад, як зани 34 сола, ки сокини шаҳри Душанбе будааст, мавриди зӯровариҳои милисаи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт қарор гирифтааст.
Таъкид мегардад, ин зан корманди як созмони байналмиллалӣ буда, аммо ба сабабҳои номаълум номи ин созмон қайд нашудааст. Милисаҳои ноҳияи Шоҳмансур ҳангоми гузаронидани чорабинии бо номи “Нелегал” ба манзили ин хонум меоянд ва бо зӯрӣ ба хонаи вай дохил мегарданд.

Милисаҳо дар пайи гузаронидани чорабинии “Нелегал”  шиносномаҳои шаҳрвандонро месанҷанд ва ҳадаф аз баргузории ин санҷишот ошкор кардани вуҷуди мардуми хориҷа дар Душанбе мебошад, ки бидуни асноди зарурӣ буду бош доранд. Хонуми мазкур ҳарчанд шиносномаи худро ба милисаҳо тақдим месозад, аммо онҳо бо истифода аз зӯрӣ ба хонаи ин зан медароянд. Соҳибхона ин амали милисаҳои зӯроварро мехоҳад дар телефони мобилии худ сабт намояд, аммо кадоме аз милисаҳо телефонро аз дасти ӯ кашида гирифта ва худи ӯро аз мӯйҳояш доштаву мавриди лату кӯб қарор медиҳад. Пас милисаҳо вайро кашон -кашон аз зинаҳо поин меоранд. Ин ҳангом ба доду фиғони ин хонум касе аз ҳамсоягон, ки тамошобин будаанд, намерасанд ва  милисаҳо ҳамроҳи меҳмонони дар хонабуда ин занро ба як мошини шишасиёҳ савор карда, ба шӯъбаи умури дохилаи ноҳияи Шоҳмансур интиқол медиҳанд. Он ҷо низ милисаҳо боздоштшудагонро ба тазйиқ меоранд ва пас аз забонхат гирифтан дар бораи он, ки ба милисаҳо эроде надоранд, баъди чаҳор соат, нимаҳои шаб раҳо месозанд.

Эътилофи зидди шиканҷаи Тоҷикистон ҳамчунин иттилоъ додааст, ки ба ин хонуми ҷабрдида кӯмаки ҳуқуқӣ расонда аст ва барои дифоъ аз ҳуқуқҳояш бо вакили мудофеъ ҳам таъмин намудааст.
Ҳодисаи лату кӯби шаҳрвандон дар идороти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон як воқеаи маъмулӣ аст ва дар натиҷаи шиканҷаи милисаҳо садҳо нафар ҷабр мебинанд. Ҳатто ҳодисаҳое ҷой доранд, ки ашхоси мавриди боздоштгардида аз шиканҷаи милисаҳо якумрӣ ногирон шуда ва доди худро ба касе гуфта натавонистаанд. Лату кӯб усули дӯстдоштаи милисаҳои тоҷик ба шумор меравад ва барои тарсонидану гирифтани оташи чашми шаҳрвандон ба кор бурда мешавад, то онҳо бифаҳманд, ки ҳукумат қудратманд аст ва алайҳи “саркашону ноқобилон” ба ҳар кор қодир мебошад

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика