Friday, March 6, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нет10 мусофирбари нав ба роҳҳои пойтахт баромаданд

10 мусофирбари нав ба роҳҳои пойтахт баромаданд

Ширкати “Акиа Авесто Автоматив Индастри”-и Тоҷикистон 10 автобуси тамғаи “AKIA”-и истеҳсоли ватаниро ба корхонаҳои “Автобус-2” ва “Автобус-3”-и пойтахт супурд, то ба мусофирон хидмат расонанд

Корхонаи мазкур  тибқи фармоиши Ҳукумати Душанбе  то охири соли равон боз 90 автобуси дигарро  истеҳсол намуда, ба корхонаҳои мусофирбарии пойтахт интиқол медиҳад.

Тавре хабаргузории давлатии Ховар иттилоъ додааст, Ҷамъияти муштараки “Акиа Авесто Автоматив Индастри” аз ҷониби ширкати ватании “Авесто Гурӯҳ» ва ширкати тиҷорати туркии “Улишем” таъсис дода шудааст.

Дар ҳолати пурра ба фаъолият оғоз намудани  корхонаи муштарак тавоноии он дар як сол то ба 300 адад автобус баробар хоҳад шуд ва шумораи кормандон аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ на кам аз 200 нафарро ташкил хоҳад дод.

Ҳаҷми сармоягузорӣ барои бунёд ва ба роҳ мондани хатти истеҳсоли воситаҳои нақлиёти ҷамъиятии мусофирбар 100 миллион сомониро дар бар мегирад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular