Комисиюни Аврупо барномаи дастгирии рушди деҳот дар Тоҷикистонро ба маблағи 59 миллион евро тасдиқ кардааст. Ин бар иловаи 22 миллион еврое аст, ки чанде қабл ҳукумати Олмон барои кӯмак ба Тоҷикистон ҷудо карда буд.
Дар ин бора дафтаи матбуотии Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
Комиссар оид ба Ҳамкории байналмилалӣ ва рушд, ҷаноби Невен Мимитса гуфтааст: “Бо сармоягузории нав, ба маблағи 59 миллион евро, мо ба ҷомеаҳои деҳоти Тоҷикистон дар истифодаи устувори захираҳои табиӣ ва баланд бардоштани устувории онҳо дар шароити иқлим кӯмак хоҳем кард. Ин ба худи ҷамоаҳо ва ҳам барои ҳамаи мо манфиат мерасонад”.
“Илова бар ин, Иттиҳоди Аврупо барои баланд бардоштани рақобатпазирии тиҷорат, тақвияти идоракунии захираҳои табиӣ ва пешбурди истифодаи устувору самараноки захираҳои об мусоидат менамояд” – омадааст дар баёния.
Барномае, ки ба тозагӣ ба тасвиб расонда шудааст, тибқи иттилоъи манбаъ барномаи дуввум оид ба рушди деҳот буда, дар асоси фаъолияти қаблии ИА дар ин бахш омода карда шудааст ва барномаҳои ҷории ИА –Барномаи I оид ба рушди деҳот ва Барнома оид ба баланд бардоштани рақобатпазирии агробизнеси тоҷикро дар бар мегирад.
Муносибатҳои Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон аз соли 1991, баъди тасвиби Барномаи кӯмаки техникӣ ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ТАСИС) аз тарафи Комисиюни Аврупо, оғоз гаштаанд. Тоҷикистон бузургтарин кӯмакгир дар Осиёи Марказӣ мебошад.
Кӯмаки ИА дар соҳаи рушд, аз 20 миллион евро дар аввали солҳои 2000-ум ба 33 миллион евро дар як сол расидааст. Дар ҳоли ҳозир маблағҳо ба Тоҷикистон барои беҳтар намудани соҳаи маориф ва тандурустӣ, рушди деҳот ва инчунин ба афзоиши сармоягузорӣ дода мешаванд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

