Thursday, March 5, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетЧӣ гуна як қаллоб корхонаву хонаҳои Зайд Саидро азхуд кард

Чӣ гуна як қаллоб корхонаву хонаҳои Зайд Саидро азхуд кард

Хайрулло Саидов, писарбузурги Зайд Саид дар бораи қаллобии нафаре бо номи Фирдавс Раҳмонов навиштааст, ки бо дастгирии пуштибонони қавияш тавониста корхона ва хонаҳои вазири собиқи саноатро азхуд кунад. Ӯ тавониста бидуни доштани кадом далеле қарори чанд додгоҳро ба нафъи худаш ҳал кунад.

Ин ҳам шакли пурраи навиштаи Хайрулло Саидов:

Зиндагӣ дар шебу фарозаш моро ба ҳодисаву шахсоне рӯ ба рӯ меорад, ки ҳеч гоҳ хаёлу интизоре надорӣ. Вақте мусибат ба сарамон омад ба чӣ қадар мушкилоту сахтиҳо гирифтор шудем, ҳоли моро фақат Худои ҳолгардонамон медонаду халос. Падарамро ба муддати тӯлонӣ равонаи зиндон карданд, молу амволамонро гирифтанд, тиҷоратамон хотима ёфт. Бо ин ҳама мушкилиҳо дуову илтиҷои мо танҳо озодии падарам буду халос, дар фикри ҳеч чизи дигаре набудем. Зеро ризқи банда дар дасти Худованди рӯзирасон аст. Ҳушу ёду ормонамон барои озодиву саломатии падарам буд. Бехабар аз он ки як нафари ошно ва нону намакхурда аз пушт ханҷар мезанад, зиндагии бе ин ҳам мушкили моро мушкилтар ва дарду азобамонро бештар мекунад. 
Табиати инсонии мо, ки дар зиндагӣ ба касе зиёну зарар нарасонидан ва эҳтироми одамонро ба ҷо овардан аст, баъди аз ҳад гузаштани зулм, дигар ором гирифта натавонист, дил аз ноадолатиҳои рӯзгор ба доду фиғон омада мегӯяд: “Дод аз дасти бедодгарон!”

Нафаре ки ин навбат аз мусибату мушкилоти мо истифода карда, ба қавле “болои сӯхта намакоб пошид” Фирдавс Раҳмонов мебошад. Ӯро бисёриҳо ҳамчун Фирдавси “арматур” мешиносанд. Ин нафар то оғози мушкилилоти ба сари хонаводаи мо омада, бо мо ҳамкорӣ мекард, баъдан ҳамчун “дӯсти қадрдону дилсӯз” моро бештар ба чоҳи мушкилот тела дод. Ӯ бо нафси саркашу чашми носеру виҷдони носипосаш аз мусибати ба сари падарам ва хонаводаамон омада хуб истифода намуда, молу амволи корхонаи “Тоҷ-Сохтмон Байналмиллал”-ро ғасб кард. Ба ҳамаи ин қаноат накарда, хонаҳои моро низ ғайриқонунӣ ба номи худ намуда, ба шахсони дигар фурӯхтааст. Аз рӯи баъзе маълумот ҳатто чандин хешу таборашро низ бехонаву бебисот карда, сарсону саргардон карда гаштааст. 
Фирдавс Раҳмонов мисли рубоҳи маккор худро назди мо мусалмони боимону боинсоф ҷилва медод, вале тавре ҳоло маълум шуд, бӯе аз имону мусулмонӣ набурдааст. Яъне, мусалмонии ӯ дар нӯги забонаш будааст, то боварии мардумро ба даст биёварад ва ба ӯ эътимод кунанд. Шояд ин қаллоб бо ҳамин роҳ соҳиби молу амвол шуда будааст ва ҳангоми ҳамкорӣ бо мо аз ҳамин таҷрибаи нодираш истифода намуда, худро муҳтараму бообрӯ нишон медод. Ӯ пайваста дар ҳузури мо аз дӯстиву бародарии худ бо хонаводаҳои муҳтараму мӯътабари кишвар ҳарф мезад. Шояд ба он хотир ҳамеша ба ин нукта таъкид мекард, ки мехост обрӯю нуфузашро бияфзояд. Бехабар аз он ки “хас рӯи об, зери дарё гавҳар аст”. Агар сад чӣ, ҳазор маротиб бо фозилону соҳибхирадон нишасту хез намои ҳам, вақте виҷдони ифлосу нопок ва дили сиёҳ дошта бошӣ касе намешавӣ, ҳамон хас боқӣ мемонӣ. 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular