Monday, January 26, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетОғози маҳдудшавии интиқоли барқ ба аҳолӣ

Оғози маҳдудшавии интиқоли барқ ба аҳолӣ

Тибқи иттилои сокинони чандин манотиқи кишвар, дар ҷануби Тоҷикистон маҳдудшавии интиқоли барқ ба аҳолӣ ё “лимит”-и барқ оғоз шудааст.

Сокинони бештари навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон мегӯянд маҳдудшавӣ оғоз шудааст. Ду рӯзи гузашта дар баъзе навоҳи 10 соат ва дар баъзеи дигар 12 соат барқ дода шудааст.  Дар ҳамин ҳол маҳдудшавӣ ҳанӯз ба ҷузъ чанд деҳаи ноҳияҳои Айниву Шаҳристон, дар вилояти Суғд оғоз нашудааст.

Маҷомоти ШСХК “Барқи тоҷик” дар сӯҳбат бо расонаҳо оғозшавии “лимит”-и барқро тасдиқ накарда, онро “профилактика” номидаанд. Аммо якбора дар бештари ноҳияҳои ҷануби кишвар оғоз шудани “профилактика” , гувоҳӣ медиҳад, ки маҳдудкунии интиқоли барқ оғоз шудааст.

Бо вуҷуди ваъдаҳои беохири раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, наздик ба 20 сол аст, ки барқ дар зимистон ба аҳолии кишвар бо маҳдудият дода мешавад. Ин маҳдудият вобаста аз шаҳру ноҳияҳо аз 15 то 20 соатро ташкил медиҳад.

Ҳарчанд ҳукумати кишвар барои маҳдудият ҳар сол чанд баҳона меоранд, аз қабили камшавии захираи обии нерӯгоҳи Норак, зиёдшавӣ ё яхбандии он, коршиносон борҳо собит кардаанд, ки Тоҷикистон қодир аст пурра кишварро бо барқ чӣ дар тобистон ва чӣ дар зимистон таъмин созад. Вале барқ бо нархи гаронтар ба кишварҳои ҳамсоя аз ҷумла Афғонистон фурӯхта мешавад.   

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular