Tuesday, March 10, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетЯк узви ҲХДТ беш аз як миллиони нафақахӯронро дуздидааст

Як узви ҲХДТ беш аз як миллиони нафақахӯронро дуздидааст

Як зан дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа кор карда, барои 49 нафар ҳуҷҷат дуруст ва бо истифода аз 11 корти бонкӣ маблағи зиёдеро аз худ кардааст, ки ин ҷинояташ аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ошкор шудааст.

Боқиева Зарина Ҷамахоновна, узви ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон,  дар вазифаи муовини сардори Раёсат-сардори шуъбаи таъиноти нафақаи Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе кор карда, дар давоми фаъолияти кориаш, аз соли 2016 то  4 моҳи аввали соли 2019, бо роҳи сохтакорӣ тартиб додани ҳуҷҷатҳои нафақавӣ бо истифода аз 49 ному насаб ва 21 рақами аснодҳои нафақавӣ ба воситаи 11 адад корти бонкии нафақавӣ дар маҷмӯъ ба маблағи умумии як миллиону чорсаду бисту се сомонӣ маблағҳои буҷетиро аз худ кардааст.

Вобаста ба ин ҳолат нисбати Боқиева Зарина Ҷамахоновна ва дигар ҳаммаслаконаш,  мансабдорони узви ҳизби халқӣ демократӣ, ки дар ин ҷиноят ба ӯ ёрӣ расондаанд, бо моддаҳои 245, қисми 4, банди «б», 323 ва 340, қисми 2, бандҳои «а» ва «в»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, маблағи тасарруфгардида, ба пуррагӣ ба буҷа барқарор карда шудааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular