Tuesday, March 10, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нет500 зани хориҷӣ дар зиндонҳои Ироқ

500 зани хориҷӣ дар зиндонҳои Ироқ

Панҷсад зани шаҳрвандони хориҷии Давлати исломӣ дар зиндонҳои Ироқ ба сар мебаранд.

Манобеи огоҳ аз ҳузури 500 зани ДОИШ- ӣ ба ҳамроҳи фарзандонашон аз панҷ қораи ҷаҳон дар зиндонҳои Ироқ хабар доданд.

Як масъули ироқӣ дар бораи доишиҳои хориҷӣ ва бозгардонидани онҳо ба кишварҳояшон гуфтааст, онҳо таҳти муҳокима ҳастанд ва аҳкоми бисёре алайҳи онҳо содир шудааст.

Ба гуфтаи ин мақоми ироқӣ, бархе аз ин занон, аз ҷумла 12 шаҳрванди Фаронса ба қатл маҳкум шудаанд.

Ҳудуди 48 зани тоҷикистонии пайваста ба ДОИШ ҳамакнун дар зиндонҳои Ироқ ва Сурия нигаҳдорӣ мешаванд.

Тоҷикистон пеш аз ин 84 кӯдакро аз Ироқ ба кишвар бозгардондааст, ки модарони тоҷики онҳо ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи ҷангҷӯи ДОИШ зиндонӣ шуда,  дар интизори поёни давраи маҳкумияташон ҳастанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular