Tuesday, March 10, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нет“Кишварҳои араб ба андозаи кофӣ ба масъалаи Фалистин расидагӣ намекунанд”

“Кишварҳои араб ба андозаи кофӣ ба масъалаи Фалистин расидагӣ намекунанд”

Мудири кулли Бунёди байналмилалии Қудс аз кӯтоҳии кишварҳои арабӣ дар заминаи масъалаи Фаластин, Қудс ва Масҷид-ул-Ақсо интиқод кард. 

Ёсин Ҳамуд, мудири кулли Бунёди байналмилалии Қудс дар конфронсияи матбуотӣ, гузроше бо унвони “нигоҳе ба Масҷид-ул-Ақсо”-ро, ки ба муносибати панҷоҳумин солрӯзи оташ задани Масҷид-ул-Ақсо тавассути Мойкл Динс рӯҳонии яҳудии ифротии австралиягӣ омода шуда буд, қироат кард. 

Вай зимни интиқод аз кӯтоҳии кишварҳои арабӣ дар заминаи масъалаи Фаластин, Қудс ва Масҷид-ул-Ақсо гуфт: Кишварҳои араб ба андозаи кофӣ ба масъалаи Фалистин ва Масҷид-ул-Ақсо расидагӣ намекунанд. Бояд дар баробари тарҳи муомилаи қарн, ки Амрико ба Фаластин таҳмил мекунад истодагӣ кунем; Аз Фаластин даъват мекунам то дар баробари душман иттиҳоди миллӣ дошта бошад. 

Ҳамуд дар идома тасреҳ кард: Исроил тайи як соли ахир фишор ва хушунат дар Масҷид-ул-Ақсоро афзоиш додааст. Исроил дар чорчӯби пружаҳои яҳудисозии Масҷид-ул-Ақсо иқдомоти хатарноке анҷом медиҳад. Шаҳрдории Қудс, ки ба Исроил вобастааст арози бисёре аз фаластинён дар минтақаи Сайлвон дар Қудси шарқиро ишғол кардааст. 

Мудири кулли Бунёди байналмилалии Қудс таъкид кард: Дар гузориши яксола, мо шоҳид он будем, ки кишварҳои арабӣ ва исломӣ ба андозаи кофӣ ба ормонҳои Фаластин ва Масҷид-ул-Ақсо алоқае надоранд ва Иттиҳодияи араб ва Созмони ҳамкории исломӣ низ дар ин замина бисёр заиф амал мекунанд. Ҳамчунин истиқбол ва алоқамандии бархе аз кишварҳои арабӣ барои оддисози равобит бо Исроили ишғолгар афзоиш ёфтааст. 

Гуфтанист, дар таърихи 21 августи соли 1969 як яҳудии австралиягӣ ба номи Майкл Динс бахши шарқии Масҷид-ул-Ақсоро ба оташ кашид. Дар ин ҳодиса қисматҳои мухталифи ин масҷид аз ҷумла минбари таърихии он дар оташ сӯхт.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular