Thursday, March 5, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҶунбиши демокросихоҳии Ҳонконг занҷираи инсонӣ барпо мекунад

Ҷунбиши демокросихоҳии Ҳонконг занҷираи инсонӣ барпо мекунад

Созмондиҳандагони эътирозоти Ҳонконг дар сиюмин солрӯзи барпоии “роҳи Балтика” тасмим гирифтаанд як занҷираи инсонӣ дар дифоъ аз озодии баён ва демокросӣ эҷод кунанд. Ютуб низ 210 канали таблиғотӣ вобаста ба Чинро масдуд кардааст. 

Ҷунбиши демокросихоҳӣ дар Ҳонконг барои тадовуми эътирозоти худ ва ҷалби таваҷҷӯҳи зеҳнҳои умуми ҷаҳон ҳар бор даст ба иқдоми ҷадиде мезанад. Эътирозот дар Ҳонконг вориди дувоздаҳумин ҳафтаи худ шудааст. Афзун бар он, мӯътаризон бар онанд, то таҳсили донишгоҳиро ба муддати ду ҳафта таътил кунанд. 

Созмондиҳндагони эътирозоти Ҳонконг эълом кардаанд, ки рӯзи ҷумъа, 23 август дар идомаи эътирозоти худ даст ба эҷоди як занҷираи инсонӣ хоҳанд зад. Мӯътаризон ин рӯзро ба муносибати сиюмин солрӯзи эҷоди занҷираи инсонии “роҳи Балтика” баргузидаанд. 

30 сол пеш, рӯзи 23 август 1989, сокинони се ҷумҳурӣ Эстония, Литва ва Латвия барои касби истиқлол аз иттиҳоди Шӯравӣ иқдом ба барпойи занҷираи инсонӣ карданд, ки ба “роҳи Балтика” шӯҳрат ёфт. Дар ин занҷираи инсонӣ як миллион нафар аз сокинони ҷумҳуриҳои ёдшуда ширкат доштанд. 

Ҷунбиши эътирозии ахири Ҳонконг вориди дувоздаҳумин ҳафтаи худ шудааст. Ин эътирозот дар робита бо тарҳи истирдоди афроди мазнун ба Чин ба роҳ афтод ва пас аз он густариш ёфт. Мӯътаризон дар Ҳонконг ҳадаф аз таҳсин дар фурӯдгоҳ ва ҳамчунин тазоҳуроти густурдаи хиёбониро дифоъ аз озодии баён ва демокросӣ эълом кардаанд. 

Ба рағми талошҳои давлати маҳаллӣ барои фурӯ нишондани эътирозот, Ҳонконг рӯзҳои поёни ҳафтаи гузашта шоҳиди ширкати як миллиону 700 ҳазор нафар дар тазоҳуроти хиёбонӣ буд. Ба думболи он Кари Лам, раиси давлати маҳаллии Ҳонконг аз омодаги худ барои гуфтугӯ бо мӯътаризон сухан гуфт. 

Бойкут клосҳои донишгоҳ 

Мӯътаризон эълом кардаанд, ки клосҳои донишгоҳи Ҳонконгро ба муддати ду ҳафта таҳрим хоҳанд кард. Мавсими таҳсили ҷадид аз авоили моҳи сентябр шурӯъ мешавад. 

Созмондиҳндагони эътирозот гуфтаанд, ки таътили клосҳои донишгоҳӣ бо ҳадафи ҳузури бештари донишҷӯён дар эътирозоти хиёбони сурат мегирад. 

Ҳузури низомии густурдаи Чин дар шаҳри Шинжин, воқеъ дар марзи Ҳонконг ва таҳдиди мақомоти он кишвар ба саркӯби мӯътаризон зоҳиран таъсире бар тамоюли сокинони Ҳонконг ба идомаи эътирозот надоштааст. 

Ҳазфи 210 канал дар Ютуб 

Зарфи рӯзҳои гузашта твиттер ва фейсбук иқдом ба масдуд кардани садҳо ҳисоби корбарӣ ва сафаҳоти гурӯҳӣ карда буданд. Масъулони ин шабакаҳои иҷтимоӣ эълом карда буданд, ки Чин ба манзури эҷоди дудастагӣ дар байни мӯътаризон дар Ҳонконг ва нашри ахбори дурӯғин ин ҳисобҳоро роҳандозӣ кардааст. 

Афзун бар он гуфта шуда буд, ки нерӯҳои вобаста ба артиши сайберии Чин бо баҳра гирифтан аз шабакаи хусусии маҷозӣ бар он будаанд, ки маҳалли фаъолияти худро пинҳон кунанд. 

Акнун масъулони ютуб низ эълом кардаанд, ки 210 канали таблиғотиро, ки алайҳи мӯътаризони Ҳонконг фаъолият дошта, ҳазф карданд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular