Сафарҳои раисҷуҳур ба манотиқи кишвар ва шеваи пешвозу гусели ӯ сол то сол камрангтар, беарзиштар ва хандаовартар мешаванд ва ба як мазҳакаи арзоне табдил мегарданд. То ҳаде беарзиш, ки ҳеҷ расонае, ба ҷуз дафтари матбуотии раисҷумҳуру АМИД “Ховар” ва телевизионҳои давлатӣ ба худ иҷоза намедиҳанд аз ин мазҳака ҳарфе зананд.
Фантазияи дастандаркорони ин сафарҳо ҳам дигар қобилияти эҷоди сенориёи навро надорад ва ҳама сафарҳои Раҳмон як рангу як бӯ доранд. Метавон аз дилхоҳ хонандаи синфи 6 пурсид, ки сафари ояндаи раисҷумҳурро ба фалон ноҳия чӣ гуна тасаввур мекунад ва ӯ бидуни кадом иштибоҳе онро ба шумо бозгӯ хоҳад кард. Бо камтарин ҷузъиёташ.
“Дастовардҳо”
5-6 сол қабл зимни сафари раисҷумҳур ба манотиқ, мардум шоҳиди ба фаъолият оғоз кардани корхонае, чӣ хурду чӣ миёна мешуданд. Ҳарчанд намешавад бештари онҳоро ба рӯйхати дастовардҳо навишт, аммо ба ҳар ҳол соҳибкорон кӯшиши сармоягузорӣ дар иқтисодӣ ватаниро доштанд.
Ҳоло рӯйхати “дастовардҳо” комилан ба меваву сабзавот ва чакану орзуқ маҳдуд шудааст. Дар ҳар сафараш Эмомалӣ Раҳмон дар “Намоишгоҳи дастовардҳои сокинони ноҳия” ширкат мекунад ва рӯйхати ин дастовардҳо аз қабл ба кӯдакони синфҳои ибтидоии мактаб ҳам маълум аст: картошкаву пиёз, чакану гулдӯзӣ, оши палаву бурида ва нону орзуқ. На, кадуро фаромӯш накардем, он албатта дар садри дафтар аст.
Ҳамин “дастовардҳои сабзавотӣ” ҳам рӯз то рӯз масхаромезтар мешаванд. Идеяи бунёди аҳромҳо (пирамида) аз тарбузу кадуро чанд сол қабл кадом тарроҳи дафтари раисҷумҳур “кашф” карда буд ва он ҳудуди 10 сол аст, ки дар тамоми намоишгоҳҳо истифода мешавад. Ва на танҳо ба як амри воҷиб табдил ёфтааст, балки шоху барги нав касб мекунад: агар дар моҳи май, ки дар ҳеҷ куҷои Тоҷикистон тарбузу харбуза напӯхтааст, дар Данғара аҳроми тарбузӣ сохтанд, дар Мастчоҳ картошка ҳам ба аҳром табдил ёфт. Чидани картошка дар шакли аҳром ба рӯи матоъи сафед идеяе аст, ки мешавад ба соҳибаш ҳайкал гузошт. Ҳайкали картошкабадаст. Аввалин фикре, ки ба сари банда баъди дидани ин аҳром омад ин буд, ки дар шустану хушк кардани ин картошкаҳо чанд муаллимаи бечора ширкат карда бошад?
Ба фантазияи мақомот мешавад анъанаи навипайдошудаи тақдими сурат ба раисҷумҳурро ҳамроҳ кард. Баъди он ки бори аввал ба ӯ сурати модарашро тақдим карданду ба ӯ писанд омад, дар ҳама ноҳияҳо аз ин “иқдоми наҷиб” пайравӣ мекунанд. Тӯҳфаи сурат ба раисҷумҳур ҳам ба ҳукми анъана даромад.
Ба ҷои корхона бинои мақомоти қудративу интизомӣ
Агар хонанда таваҷҷӯҳ кардааст, вақтҳои охир ифтитоҳи биноҳои маъмурӣ барои шӯъбаҳои ВКД, КДАМ, додгоҳҳо, додситонӣ, ҳукуматҳои маҳаллӣ ва ғайра афзоиш ёфтааст. Дар ҳар ноҳия раисҷумҳур ҳатман лентаи ҳади ақал як чунин биноро мебурад. Оё давлат ба навсозии биноҳои маъмурӣ шурӯъ кардааст?
Дар асл масъала комилан дигар аст. Қаблан мақомот соҳибкорону ширкатҳоро маҷбур мекарданд барои “ташриф”-и раисҷумҳур иншооте бунёд кунанд. Ҳоло ширкатҳое, ки тавони ҳатто насби як дастгоҳро дошта бошанд, ё соҳибкоре, ки тавону хоҳиши бунёди иншоотеро доранд, бисёр кам боқӣ мондаанд. Ба мақомот ҳам дар аксари ноҳияҳо муяссар намешавад чунин ширкат ё соҳибкореро пайдо кунанд. Агар пайдо ҳам карданд, онҳо бо сарсахтӣ инкор мекунанд. Аксари “иншоот” бо ҷамъ кардани маблағ аз даҳҳо соҳибкору садҳо дӯкондор бунёд мешаванд.
Ин аст, ки тибқи иттилоъи манобеъи гуногун, дафтари раисҷумҳур ба шӯъбаҳои мақомоти қудративу интизомӣ ва ҳамаи ниҳодҳое, ки аз мардум ришва мегиранд, супориш медиҳад, ки аз маблағҳои аз ришва ҷамъ кардаашон барои худашон бинои маъмурӣ созанд. Ҳамаи биноҳои ин мақомот аз ҳисоби худи онҳо (аниқтараш ришваҳое, ки аз мардум ситонидаанд) бунёд шудааст. Ё онҳо бо таҳдиди кушодани парванда ба чанд соҳибкору муҳоҷир, пули биноро ҷамъоварӣ кардаанд.
Аммо дар бинои мақомоти ҳокимияти давлатӣ тамои мардуми маҳал саҳм доранд. Мақомот ба раисони ҷамоъатҳо супориш медиҳанд ва онҳо аз марудм ҷамъоварӣ мекунанд.
Агар ҳукумати Раҳмон се соли дигар тӯл кашад, баъид нест, ки шоҳиди аҳромҳои шалғамӣ, тӯҳфаи акси Анӯшервони Рустам ба бобояш ва буридани лентаи хонаи мардум ҳам шавем.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

