Saturday, March 14, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетОлмон бори дигар гурӯҳи афғонҳоро ба Афғонистон бозгардонид

Олмон бори дигар гурӯҳи афғонҳоро ба Афғонистон бозгардонид

Давлати Олмон ба рағми эътирозҳо ва интиқодҳо бори дигар шуморе аз шаҳрвандони Афғонистонро ба кишварашон бозгардонд. Бозгардондани иҷбории паноҳҷуён ва муҳоҷирони афғон аз моҳи декабри 2016 оғоз шудааст. 

Хабаргузории Олмон рӯзи чаҳоршанбе 28 август ба нақл аз мақомоти фурӯдгоҳи Кобул гузориш дод, ки ҳавопаймо аз Олмон бо 31 афғони ихроҷшуда соати 9 субҳ ба вақти маҳаллӣ дар ин фурудгоҳ ба замин нишаст. 

Ин бистуҳафтумин ихроҷи ҷамъии шаҳрвандони Афғонистон аз Олмон аз декабри соли 2016 будааст. То кунун дар маҷмӯъ 645 нафар бар хилофи майлашон ба Афғонистон бозгардонда шудаанд. 

Бозгардондани иҷбории шаҳрвандони Афғонистон ба кишварашон бо интиқодҳои зиёде рӯбарӯ аст. Мунтақидон мӯътақиданд Афғонистон бо таваҷҷӯҳ ба ташдиди фаъолияти гурӯҳҳои Толибон ва Доъиш, ки ҳар рӯз теъдоде қурбонӣ мегирад кишвари амне нест. 

Ҳамзамон бо бозгашти иҷбории 27 гурӯҳ аз муҳоҷирони Афғонистон ба Кобул, хабаргузори Ройтерз ба нақл мақомоти маҳаллӣ гузориш дода, ки рӯз чаҳоршанбе дасти кам 14 нафар аз нерӯҳои тарафдори давлати марказӣ тавассути шибҳинизомиёни Толибон ба қатл расидаанд. 

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар ҳамлаи нерӯҳои Толибон ба як истгоҳи бозрасии низомиёни давлатӣ дар устони Ҳирот дар ҷануби Афғонистон чанд ғайринизомӣ маҷрӯҳ шудаанд. 

Дар моҳҳои ахир шумори қурбониёни ғайринизомӣ дар даргириҳои низомӣ дар Афғонистон рӯ ба афзоиш гузоштааст. Созмони милал баровард мекунад, ки танҳо дар моҳи июли 1500 ғайринизомӣ дар Афғонистон кушта ва маҷрӯҳ шуда бошанд. 

Июл, хунинтарин моҳи Афғонистон 

Ба гузориши Созмони милал ин хунинтарин моҳ дар Афғонистон аз майи 2017 будааст. Бар ин асос шумори қурбониёни ғайринизомӣ дар моҳи июл тақрибан наздик ба ним аз тамоми кушташудагон дар нимаи аввали соли 2019 будааст. 

Ҳудуди даҳ рӯзи пеш дар пай ҳамлаи интиҳорӣ ба як маросими арӯсӣ дар минтақаи шиъанишини Кобул 63 нафар кушта ва беш аз 180 нафар маҷрӯҳ шуданд. Масъулияти ин ҳамларо Доъиш бар ӯҳда гирифтааст. 

То кунун намояндагони Толибон ва давлати Амрико барои даст ёфтан ба як роҳи ҳал сиёсӣ барои поён додан ба бӯҳрон дар Афғонистон музокироти зиёде доштаанд. 

Даври нӯҳуми ин музокирот ҳафтаи гузашта оғоз шуд ва пас аз он ду тараф нисбат ба даст ёфтан ба як тавофуқ дар ояндаи наздик ибрози хушбинӣ карданд. Толибон ба рағми ин музокирот амалиёти низомии худро мутаваққиф накардааст. 

Амрико ва Толибон дар остонаи тавофуқи ниҳоӣ 

Хабаргузории Фаронса рӯзи сешанбе, 27 август ва дар поёни панҷумин рӯз аз даври ҷадиди музокирот миёни намояндагони Амрико ва Толибон дар Қатар, ба нақл аз Суҳайл Шоҳин, сухангӯи Толибон гузориш дод, ки гуфтугӯҳо миёни ду тараф дар ҳоли ниҳоӣ шудан ҳастанд. 

Қарор аст тавофуқи ниҳоӣ миёни Амрико ва Толибон роҳи гуфтугӯҳои мустақим миёни исломгароён ва давлати маркази Афғонистонро ҳамвор кунад. Иёлоти муттаҳида эълом омодагӣ карда пас аз ниҳоӣ шудани тавофуқ бо Толибон низомиёни худ аз Афғонистон хориҷ кунад. 

Вашингтон дар айни ҳоли хурӯҷи низомиёни худ аз Афғонистонро баста ба иҷрои тааҳҳудоти аз сӯи Толибон, аз ҷумла дар мавриди адами ҳамкорӣ бо шабакаи Ал-қоъида ва дигар гурӯҳҳои террористӣ, пойбандӣ ба оташбас ва таваққуфи амалиёти низомӣ кардааст. 

Бозгардондани иҷбории муҳоҷирон ва паноҳҷуёни афғон аз Олмон бо интиқодҳои зиёди дохилӣ ва байналмилалӣ рӯбарӯ шудааст. Двумник Борч, намояндаи комиссарияти олии Созмони милал дар умури паноҳндагон дар Берлин 16 июн аз давлати Олмон хост иҷрои сиёсати бозгардондани муҳоҷирони афғон ба Афғонистонро машрут ба баррасии маврид ба маврид кунад. Ў мӯътақид аст, ки бахши бузурге аз Афғонистон аз ҷумла Кобул, барои муҳоҷирони ихроҷ шудаи афғон амн нест.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular