Ҳаёти занушавҳарӣ бар асоси муҳаббату меҳрубонӣ, рафоқату садоқат, якдигарфаҳмиву боварӣ барқарор мегардад. Барои ба саодати ҳақиқӣ расидан, зану шавҳар бояд ҳуқуқҳои ҳамдигарро донанд ва мувофиқи он амал кунанд.
Албатта, баъзан бо пеш омадани баъзе сабабҳо зану шавҳар нисбати ҳамдигар бадбинӣ пайдо мекунанд, дар оила якдигарнофаҳмӣ ба вуҷуд меояд ва зану шавҳар ҳамдигарро меранҷонанд, дар ин ҳолат Шариат амр мекунад, то аз хатогиҳои якдигар чашм пӯшида, барои ислоҳи камбудиҳои худ кӯшиш кунем.
Аллоҳ дар китобаш мегӯяд:
و عاشرهن بالمعروف فان كرهتموهن فعسى ان تكرهوا شيئا و يجعل الله فيه خيرا كثيرا
Эй мардҳо, бо ҳамсарони худ бо муомилаи хуб зиндагӣ кунед, рафтори хуб, гуфтори хуб, ҳаёти хуб дошта бошед. Агар чизеро дар онҳо написандидед, бидонед, чӣ басо чизҳое аст, ки шумо бад мебинед, аммо Аллоҳ дар он хайроти зиёдеро барои шумо насиб гардонидааст. (сураи Нисо ояти 19)
Ибни Касир дар тафсири ҳамин оят мегӯянд: Ҳамон гунае, ки аз зани худ интизори хушрафториро меписандӣ, худ низ бо ӯ хушрафтор бош.
Шояд ягон хулқи ҳамсаратро бад бинӣ, аммо бидон, ки ба сабаби сабрат ба хулқи бади ҳамсар ва зуд ӯро талоқ надодан, шояд Аллоҳ аз ҳамин зан бароят фарзандони солеҳ ва хайроти зиёдеро насиб мегардонад.
Аллоҳ дар ояти карима амр мекунад, мардҳо ба хотири хатогиҳои ҳамсаронашон зуд тасмими талоқ доданро накунанд, сабр кунанд ҳар як фарди мусалмон ба ивази як хулқи бадаш, соҳиби даҳҳо хулқи неки дигар аст, албатта ба шарти он, ки мусалмони воқеъӣ бошад, зоҳиран ва ботинан.
Дар Саҳеҳи Муслим омадааст, ки Паёмбари акрам мефармоянд:
لا يفرك مؤمن مؤمنة ان كره منها خلقا رضي منها خلقا اخر
Ҳеҷ як шавҳари мӯъмине ҳамсари мӯъминаи худро бад набинад, агар дар ҳамсараш хулқеро дид, ки барояш нописанд омад, албатта хулқи дигареро мебинад, ки аз он розӣ мешавад.
Бо вуҷуди садҳо аҳодису оёт, гоҳе мешавад, ки бадбиниву танофур байни зану шавҳар меафзояд, ҳарчӣ мекунанд бо ҳам ба тафовуқ намерасанд. Зан шавҳарро нофармонӣ мекунад, мард болои занаш зулмро раво мебинад, билохира косаи сабри яке лабрез мегардад ва мазмуни никоҳ аз байн меравад, ба ҷои хонаи ободу шод доштан, хонае пур аз ҷангу ғавғо месозанд, дар ин ҳолат, то ки ду тараф ба ҳамдигар зарар расониро кам кунанд, Шариат роҳи илоҷи ин мусибатро дар ҷудо шудани ду ҷуфт мебинад.
Агар бадбинӣ аз ҷиҳати мард буд ва мард бо ҳамсараш зиндагӣ карданро номумкин донист, дар ин ҳолат Шариат иҷозат медиҳад, шавҳар ҳамсарашро талоқ диҳад.
Агар бадбинӣ аз ҷиҳати зан буд ва зан дарк кард, ки бо шавҳараш зистан амри муҳол аст ва аз зиндагии якҷояи онҳо ба ҷуз бадбахтӣ, чизи дигаре ҳосил намегардад, дар ин ҳолат Шариат иҷозат медиҳад, зан аз шавҳараш бо роҳи Хулъ ҷудо шавад.
Хулъ гуфта дар Шариат ҷудо шудани зан аз шавҳараш ба ивази молро мегӯянд.
Агар возеҳтар баён кунем, вақте зан шавҳарашро ба яке аз сабабҳои ба назари худаш ҷиддӣ бад бинад ва дарк кунад, ки бо шавҳараш зиндагӣ карда наметавонад, агар зиндагӣ кунад ҳам мудом бо ҷангу ҷангҷол ва адами итоат шавҳарашро меранҷонад ва худашро низ азият медиҳад, дар ин ҳолат тамоми сарфу хароҷоте, ки шавҳараш дар никоҳ ба ӯ сарф карда буд, ба шавҳараш бармегардонад ва бар ивази ин моли ба шавҳараш додааш аз ӯ ҷудо мешавад.
Ё аз шавҳараш талаб мекунад, аз ӯ миқдори муайяни молеро гираду бар ивази он мол, ӯро талоқ диҳад.
Чӣ гунае ки маълум аст, барои хонадор шудан, мард хароҷоти зиёд мекунад, пардохти маҳр, ҳадияҳои арӯс, хароҷоти тӯй, барои ҳамин вақте зан талаби талоқ кард ва зан ақди никоҳро барҳам задани шуд, бояд аз рӯи адлу инсоф ҳар сарфу хароҷоте, ки домод барояш карда буд, ба домод бозпас диҳад.
Хулъ дар забони арабӣ маънои кашида аз худ берун кардани либосро дорад.
Аллоҳ дар Қуръон зану шавҳарро либоси ҳамдигар ёдовар шудааст:
هن لباس لكم و انتم لباس لهن
Занҳо либоси шумо ҳастанд ва шумо либоси онҳо ҳастед. (сураи Бақара ояти 187)
Гӯё бо хулъ кардан зан шавҳарашро, ки барояш ҳамчун либос наздик аст, аз худ ҷудо мекунад.
Аммо дар Шариат ҳамон тавре, ки баён кардем, Хулъ пардохт кардани маблағи муайян аз тарафи зан ба шавҳараш ва бар ивази он маблағ талоқи худро гирифтан аст.
Далели ҷоиз будани Хулъ ҳадисе аст, ки Имом Бухорӣ аз Ибни Аббос ривоят мекунанд, чӣ тавре, ки дар ҳадис омадааст:
Ҳамсари Собит ибни Қайс, ки Ҷамила бинти Салул ном дошт, ба назди Паёмбар омада, мегӯяд:
Паёмбари Аллоҳ, ман дар шавҳарам Собит на дар динаш, на дар ахлоқаш ҳеҷ айбе намебинам, аммо аз он тарс дорам, ки ба хотири ӯро бад диданам ва итоат накарданам, пас аз ислом оварданам муртакиби гуноҳ гардам, гуноҳи итоат накардани шавҳар.
Дар ривоятҳои дигар омадааст, ки Собит ибни Қайс марди бад набуд, аммо хеле зиштсурат буд, бо зиштии зоҳириаш аз дигарон фарқ мекард. Ҳама ӯро бо зиштсуратиаш мешинохтанд.
Паёмбар сухани ҳамсари Собитро шунида, ба ин зан мегӯянд:
Оё боғе, ки бароят ҳамчун маҳр дода буд, ба Собит баргардонида медиҳӣ?
Зан мегӯяд, оре медиҳам, дар баъзе ривоятҳо, оре, боғашро ба ӯ баргардонида медиҳам, боз ба болояш моли изофагӣ низ медиҳам.
Сипас Паёмбар Собитро ҷеғ зада мегӯянд:
Боғе, ки ба ҳамсарат дода будӣ, гардонида гир ва ҳамсаратро талоқ деҳ. (Бухорӣ)
Бо ҳамин Собит боғашро бозпас мегирад ва ҳамсарашро талоқ медиҳад.
Аз ҳадис бармеояд, ки агар зан аз шавҳараш талоқ хост ва барои ин ҷудо шудан сабаби худро баён кард, бояд ба шавҳараш ҳар молеро, ки барояш харҷ карда буд, баргардонад ва бар ивазаш шавҳараш ӯро талоқ диҳад.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

