Sunday, January 25, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетЯк автобуси пур аз муҳоҷирони кории тоҷик дар Южноуралск боздошт гардид

Як автобуси пур аз муҳоҷирони кории тоҷик дар Южноуралск боздошт гардид

Бино ба хабарҳои расонаҳои иттилоотии Руссия мақомоти Бозрасии давлатии автомобилии ин кишвар дар километри 89 уми шоҳроҳи Челябинск- Троитск автобусеро боздошт намуданд, ки дар дохили он 77 нафар бошандаи Тоҷикистон буданд.

Гуфта мешавад, пас аз тафтиши асноди ин муҳоҷирони корӣ маълум шудааст, ки 9 нафар аз онҳо дар гузашта қавонини буду бошро дар Руссия тахриб намудаанд ва кунун ғайриқонунӣ вориди хоки ин кишвар гаштаанд. Назар ба маълумотҳо афроди вайронкори қонун ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд.


Дар ҳамин ҳол, Елена Заварухина, сарвари шӯъбаи масоили муҳоҷират дар шӯъбаи байниидоравии ВКД- и Руссия дар Южноуралск гуфтааст, ки ронандаи автобус низ беҷазо намондааст.

Вай, ки шаҳрванди Руссия будааст, барои он, ки бо нақлиёти таҳти идораи худ ба интиқоли шаҳрвандони хориҷӣ даст задааст, муҷрим дониста шуда, дар қиболи ӯ ду протоколи маъмурӣ навишта шудааст.


Гуфта мешавад, шаҳрвандони Тоҷикистон ҷамъулҷам дар ҳаҷми 22 ҳазор рубл ҷарима карда шуда, пас аз пардохт ба хазинаи давлат ба роҳи худ идома додаанд.

 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular