Monday, March 16, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетШери Ҷғел –нафаре, ки дар навор занҳои сатрпӯшро ба Эрону Арабистон мефиристад

Шери Ҷғел –нафаре, ки дар навор занҳои сатрпӯшро ба Эрону Арабистон мефиристад

Чанд рӯзи охир дар шабакаҳои  иҷтимоӣ наворе мечархад, ки дар он нафаре зоҳиран мансабдор аввал ба зане амр мекунад рӯймолашро аз паси сараш бандад, сипас ба занҳои дигари сатрпӯш мегӯяд агар мехоҳед сатр бандед ба Эрону Арабистон равед.

Ин навор вокуниши тунди корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба бор овард ва мардум ҳам шахсияти ин ҷинояткорро мепурсиданд. 

Ба Паём муяссар шуд шахсияти ӯро муайян кунад. Ин нафар раиси маҳаллаи Алочабофи ноҳияи Фирдавсӣ (Мясокомбинат) бо тахаллуси Шери Ҷғел будааст. Ӯ зодаи деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик аст, ки бо вуҷуди надоштани камтарин савод, аммо мувофиқ будани ҷуғрофиёаш раиси маҳалла таъин шудааст. Мутаассифона муяссар нашуд ному насаби ҳуҷҷатиашро пайдо кунем – бештари мардум ӯро чун Шери Ҷғел мешиносанд. 

Тибқи иттилоъи манбаъи Паём, 3-4 рӯзи охир дар маҳаллаи Мясокомбинати шаҳри Душанбе “маъракаи фаҳмондадиҳӣ оид ба сатру ҳиҷоб” ҷараён дорад. Дар ин маърака нозирони милиса, муаллимаҳои мактабҳои 17 ва 40, инчунин духтурони дармонгоҳи рақами 11-и шаҳр ширкат доранд. 

Маърака ҳар рӯз аз субҳ оғоз шуда, то аср идома мекунад. Муаллимаву табибон ба занҳо “бегона” будани сатру ҳиҷобро фаҳмонда, хоҳиш мекунанд, бадар созанд. Дар сурати муқобилияти занҳо, милиса вориди кор мешавад.

Наворе ҳам, ки аз “мубориза”-и Шери Ҷғел бо сатру ҳиҷоб ҳикоя мекунад, дар дармонгоҳи рақами 11-и шаҳри Душанбе сабт шудааст. 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular