Дар ноҳияи Рӯдакӣ, ки қарор аст ба зудӣ Эмомалӣ Раҳмон аз он дидан кунад, тамоми мардумро ба маъракаи пешвози раисҷумҳур ҷалб кардаанд. Ширкати ҳар хонавода дар ин маърака дар шакли пардохти маблағ ҳатмист.
Раисони маҳалла хона ба хонаи мардум гашта, “барои пешвози пешвои миллат” пул ҷамъ мекунанд. Ба гуфтаи сокинони ноҳия, ҳади ақали “сафарпулии президент” 10 сомонӣ аст, ки онро аз хонаводаҳои хеле қашшоқ меситонанд. Боқӣ, вобаста ба шароити зист ва фаъолият аз 20 то 100 сомон бояд пардохт кунанд. Аз сарватмандон бошад, боваста ба сарваташон меситонанд. Вале касе ба хонаи онҳо намеравад.
Ҳади ақал дар 4 ҷамоъати ноҳияи Рӯдакӣ – Роҳатӣ, Сари киштӣ, Зайнабобод ва Гулистон маъракаи ҷамъоварии маблағ идома дорад. Раисони маҳалларо як намоянда аз ҷамоъат ё ҳукумати ноҳия ҳамроҳӣ мекунад. Ба ҳар касе, ки розӣ нашуд маблағ пардохт кунад, таҳдиди нарм мекунанд, ки “шумо ба сафари пешвози миллат ба ноҳия розӣ нестед?”
Фарҳод, як сокини ҷамоъати Зайнабобод ба Паём гуфт, ки аз хонаводаи ӯ 50 сомонӣ талаб кардаанд ва ба эътирозашон посух додаанд, ки “фарзандатон дар Русия аст-ку, гӯед фиристад”. Аммо аз ҳамсояашон, ки ноноваре надорад, 10 сомонӣ талаб кардаанд.
Ҳамин гуна хабарҳо ба мо аз се ҷамоъати дигаре, зикрашон дар боло рафт, расиданд.
Соҳибкори муқими ин ноҳия Бахтиёр (номашро бо сабаби маълум иваз кардем) ҳам ба Паём гуфт, ба ӯ раҳбари дастгоҳи раиси ноҳия тамос гирифта гуфтааст, ки бо супориши раиси ноҳия ӯ бояд 3000 сомонӣ барои омадани раисҷумҳур пардохт кунад.
Қаблан Радиои Озодӣ дар бораи ситонидани музди маоши якрӯзаи кормандони буҷавии ин ноҳия аз тарафи раҳбарияти он хабар дода буд. Манбаъ ду ҳуҷҷатро нашр кард, ки дар он бо имзои раиси ноҳия ва муовини ӯ ба ҷамъоварии музди якрӯза супориш шудааст.
Мақомоти ноҳияи Рӯдакӣ дар вокуниш ба ин хабар гуфтаанд кормандон ихтиёран музди якрӯзаи худро барои пешвози раисҷумҳур месупоранд.
Абдурашид, муаллими яке аз мактабҳои ноҳия дар посух ба суоли Паём, ки оё воқеъан онҳо музди якрӯзаашонро додаанд ва ин кор ихтиёрӣ сурат гирифтааст бо танз посух дод: бале, комилан ихтиёрӣ. Музди якрӯзаи моро боздоштанд ва гуфтанд, ки мо онро ихтиёран барои сафари раисҷумҳур боздоштем.
Сафарҳои раисҷумҳур ба манотиқ кайҳо ба дарди сари мардум, аммо бизнеси мақомоти маҳаллӣ табдил шудааст. Мардум на танҳо барои сафарҳои Раҳмон маблағ пардохт мекунанд, балки маҷбуранд дару девори хонаҳояшонро рангу бор кунанд, фарзандонашонро ба марширофка фиристанд, гурӯҳи қарсакзани раисҷумҳурро меҳмондорӣ кунанд ва рӯзи сафари ӯ аз хонаҳояшон берун нашаванд.
Аммо мақомдорони минтақа бо ин баҳона миллионҳо сомонӣ аз мардум, корхонаҳо ва соҳибкорон ҷамъоварӣ мекунанд. Тибқи иттилоъи манобеъи Паём, раисони ноҳия ба дастгоҳи раисҷумҳур ришва мепардозанд, то сафари ӯ ба ноҳияашонро ба нақша дароранд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

