Monday, March 16, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМарги як тоҷик дар зери қатори барқӣ (навор)

Марги як тоҷик дар зери қатори барқӣ (навор)

Як муҳоҷири тоҷикро дар Русия қатораи барқӣ зада куштааст.

Дар шабакаи Ютуб наворе нашр шуд, ки дар он дида мешавад, шоҳидони ҳодиса мегӯянд, нафари кушташуда тоҷик аст. Ба гуфтаи онҳо ӯро аз рӯи релсҳо боло овардаанд.

Зоҳиран касе шоҳиди марги муҳоҷири тоҷик набудааст, чун аз ҳарфҳои чанд нафаре, ки онҷо қарор доранд, бармеояд, ки онҳо дертар ба ҷои ҳодиса расидаанд.

Дида мешавад, алакай кормандони ёрии таъҷилӣ дар атрофи ӯ гаштугузор мекунанд ва амалиёти тиббӣ мегузаронанд.

Ҳодиса дар шаҳраки Кокошкинаи ноҳияи Одинсовои вилояти Маскав рух додааст, аммо дар бораи шахсияти мақтул маълумоте гуфта нашудааст. Дар ҳолати пайдо шудани маълумоти бештар, инҷо нашр хоҳем кард.

Касоне, ки табъи нозук доранд, ин наворро тамошо накунанд. Чун дар навор ҳолатҳои ба ваҳшатоваранда нишон дода шудааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular