Monday, March 16, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетРақами 400 млн нафар дастраси умум шуданд

Рақами 400 млн нафар дастраси умум шуданд

Рақами телефони мобилии беш аз 400 миллион истифодабарандаи шабакаи иҷтимоии Facebook дар дастраси умум қарор гирифтааст. Дар ин бора 4-уми сентябр нашрияи “TechCrunch” хабар дод.

Дар махзани муҳофизатнашаванда садҳо ҳазор сабте вуҷуд дорад, ки рақамҳои махсус ва шумораҳои мобилии кормандон нигаҳдорӣ мешаванд.

Тавре нашрияи “TechCrunch” зикр кардааст, дар баъзе аз сабтҳо номи истифодабаранда, ҷинс ва кишвари иқоматаш ошкор аст.

Дар махзан рақами 133 миллион корбарон аз Амрико, 50 миллион аз Ветнам ва 18 миллион аз Британия зоҳир шудааст.

Нашрия навишта, ки дастраси ом шудани ин маълумот ба корбарон хатар эҷод мекунад ва онҳоро зери ҳамлаи қаллобон қарор медиҳад ва рақамҳои мобилашон мавриди сӯистифода қарор мегиранд.

Моҳи июли имсол комиссияи федеролии савдои Амрико Facebook-ро барои ҳифз накардани мушаххасоти корбарон панҷ миллиард доллар ҷарима карда буд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular