Thursday, October 23, 2025
ADS
HomeПаём нетКоҳиши никоҳ ва афзоиши талоқ дар Тоҷикистон

Коҳиши никоҳ ва афзоиши талоқ дар Тоҷикистон

Сабти никоҳ дар Тоҷикистон коҳиш ёфта, теъдоди талоқ зиёд шудааст. Тибқи гузориши Агентии  омори Тоҷикистон, шумораи сабти издивоҷ тайи 6 моҳи аввали соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 дарсад кам шудааст.

Тавре манбаъ гузориш медиҳад, дар шашмоҳа 33,5 ҳазор ҷуфт ақди никоҳ бастаанд. Таъкид шудааст, ки коҳиши издивоҷ тақрибан дар ҳамаи навоҳии Тоҷикистон ҷой дорад.  

Дар ҳамин ҳол, тайи нимсоли аввали соли равон беш аз 6 ҳазор ҳолати талоқ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 481 ҳолат бештар мебошад.

Қаблан хабар дода шуд, ки хонадоршавии тоҷикистониён бо хориҷиён коҳиш ёфтааст. Вазорати адлия ин ҳолатро ба тағйирот дар Кодекси оилаи кишвар рабт дод, ки соли 2011 қабул шуда буд.

Бар асоси муқаррароти Кодекси оила, хориҷиҳо қабл аз издивоҷ бо духтарони тоҷикистонӣ бояд онҳоро бо хона таъмин кунанд.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?