Sunday, March 15, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҲукумату мухолифин ҳайатҳояшон дар нишасти САҲА-ро мушаххас карданд

Ҳукумату мухолифин ҳайатҳояшон дар нишасти САҲА-ро мушаххас карданд

Ҳукумати Тоҷикистон ва иттиҳоди мухолифин – Паймони миллии Тоҷикистон ҳайатҳои худ дар нишаст Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо оид ба вазъи ҳуқуқи башар, ки 16 – 26 сентябр дар Варшава, пойтахти Лаҳистон баргузор мешавад, муайян карданд.

Ҳукуматро дар ин нишаст Вафо Ниятбекзода, сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷӣ, Рустам Азизӣ, муовини раиси Маркази исломшиносӣ, Абдуллоҳи Раҳнамо, Маркази тадқиқоти стратегии назди раисҷумҳур ва намояндагони Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳуру Додситонии кул намояндагӣ хоҳанд кард.

Аз ҷониби мухолифин дар ин нишаст ҳудуди 15 нафар дар раъси раҳмбари Паймони миллӣ Муҳиддин Кабирӣ ширкат мекунанд. Аз ҷумлаи ширкаткунандагон Алим Шерзамонов, муовини раҳбари ПМТ ва дабири Анҷумани озодандешони Тоҷикистон, Илҳомҷон Ёқубов, раҳбари Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ, Шарофиддин Гадоев, раҳбари Ҷумбиши мардумии “Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон”, Темур Варқӣ, раҳбари Департаменти иттилоотии ПМТ ва ғайра ҳастанд.

Соли чаҳорум аст, ки нишасти САҲА ба майдони баҳси ҳукумату мухолифин табдил мешавад. Соли аввал намояндагони ҳукумат онро бо нишони эътироз аз ҳузури мухолифин тарк карда буданд. Соли саввум, яъне 2018, ҳукумат ба ҳайати худ мухолифини собиқ Айёмиддин Сатторӣ ва Абдураҳим Каримовро шомил карда буд.

Имсол ин ду нафар дар ҳайат нестанд, вале ба ҷои онҳо ҳукумат Абдуллоҳ Раҳнамо, собиқ мухолиф, сухангӯи Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ва ёрдамчии Зайд Саидовро мебарад. 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular