Wednesday, October 22, 2025
ADS
HomeПаём нетСаноати истихроҷ дар Тоҷикистон 11 дарсад афзоиш ёфт

Саноати истихроҷ дар Тоҷикистон 11 дарсад афзоиш ёфт

Ҳаҷми тавлидот дар саноати истихроҷ дар Тоҷикистон дар 7 моҳи соли ҷорӣ беш аз 2,5 миллиард сомонӣ, муодили 268 миллион доллар буд

Бар асоси додаҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, ҳаҷми тавлидот дар ин замина 11 дарсад афзоиш ёфт, гузориш медиҳад ТоҷикТА.

“Рушди 4,4 дарсадии истихроҷи ангишт, 2,1 дарсадии нафти хом ва гази табиӣ, 11 дарсадии рудаҳои фулӯзӣ ва 38 дарсадии маъодин боиси афзоиши тавлидот дар ин замина гардид”, – омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 960 ҳазор тонна ангишт тавлид шуд, ки ин шумор дар муқоиса бо даври мушобеҳи соли гузашта 144 ҳазор тонна, ё 15 дарсад афзоишро нишон медиҳад.

Қаблан Заробиддин Файзуллозода, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон гуфт, дар нимсолаи якуми соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 11 миллиарду 923,3 миллион сомонӣ расидааст.

“Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ 56,6 дарсад ба саноати коркард, 23,8 — электроэнергетика ва 19,6 дарсад ба саноати истихроҷ рост меояд”, – изҳор дошт Файзуллозода зимни нишасти матбуотӣ.

Вазир инчунин аз тавлиди  маҳсулоти нави саноатӣ тайи шаш моҳи соли ҷорӣ, аз қабили лак, хокаи санг, қолаби зарф­ҳои пластикӣ, фарш­ҳои резинӣ, сангчаҳои резинӣ, панҷараи зина аз мармар ва санг­ҳои ороишӣ барои фасади бино хабар дод.

Ба иттилои Файзуллозода инчунин дар шаш моҳи аввали соли 2019-ум 146 корхона ва коргоҳи нав бо 1864 ҷойи корӣ ба истифода дода шуд ва шумораи умумии корхонаҳои саноатӣ 2136 ададро ташкил дод.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?