Баъди коҳиши муваққатии муҳоҷирати меҳнатӣ аз Тоҷикистон бинобар сахттар шудани қоидаҳои будубош дар Русия ва бӯҳрони иқтисодӣ дар ин кишвар, муҳоҷирати корӣ аз Тоҷикистон ба Русия дубора рӯ ба афзоиш ниҳодааст.
Дар январ-июли соли ҷорӣ, тибқи гузориши “Назорат ва пешбинии аввалия дар Тоҷикистон” бо истинод ба Хадамоти сарҳадбонӣ ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, бештар аз 357 ҳазор сокинони Тоҷикистон ба муҳоҷирати корӣ рафтаанд.
Гуфта мешавад ин рақам ҳудуди 27% бештар аз ҳамин давраи соли гузашта аст.
Моҳи июли соли ҷорӣ кишварро 57 ҳазор нафар бо ҳадафи ҷустуҷӯи кор тарк карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 26,7 ҳазор бештар аст.
“Афзоиши ҳаҷми муҳоҷирати меҳнатӣ дар моҳҳои январ июл нисбат ба соли гузашта ба баъзе беҳбудиҳои шароити кор барои муҳоҷирон (воридсозии тағйирот ба созишномаи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирон) ва рушди иқтисоди Русия бастагӣ дорад” – омадааст дар ҳисобот.
Гуфтанист, соли гузашта муҳоҷирати меҳнатӣ аз Тоҷикистон 10% коҳиш ёфта буд.
Дар ҳамин ҳол, расонаҳои русӣ бо истинод ба Хадамоти сарҳадбонии Русия гузориш медиҳанд. ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба Русия 524 ҳазор нафар барои дарёфти кор ворид шудаанд.
Дар ҳоли ҳозир дар Русия, тибқи иттилоъи гуногун аз 1 то 2 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон ба сар мебаранд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

