Saturday, March 14, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетАз мақомоти Нурсултон хостанд, таъқибҳои сиёсиро қатъ кунанд

Аз мақомоти Нурсултон хостанд, таъқибҳои сиёсиро қатъ кунанд

Мишел Бачелет, комисари олии СММ дар умури ҳуқуқи инсон зимни ҷаласаи 42-уми Шӯрои ҳуқуқи инсон рӯзи 9-уми сентябр аз Қазоқистон хост, маҳдудиятҳои баргузории эътирозҳои осоишта, фаъолияти ташкилотҳои ғайридавлатӣ, иттиҳодияҳо ва ҷамъиятҳои диниро бекор кунад.

Бачелет ҳамчунин аз мақомоти Қазоқистон даъват кард, қонунҳоеро бозбинӣ кунанд, ки “имкони пахши норозиҳоро фароҳам овардаанд, мафҳумҳои “забони душманона” ва “туҳмат”-ро маънии густарда додаанд”.

Бачелет афзуд, дар Қазоқистон дар пайи эътирозҳои осоишта, ки моҳи марти соли ҷорӣ шуруъ шуданд, бештар аз 4 ҳазор сокин боздошт гардидааст. Комисари олӣ илова кард, ки ба ҳабс гирифтани одамон бо ангезаҳои сиёсӣ ва амалан манъ кардани ҷамъомадҳои мухолифон ба гуфтугӯҳои воқеӣ мусоидат намекунанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular