Шӯрои арабӣ аз ҷумла Арабистон тарҳи интихоботии Бинёмин Нитонёҳу, нахуствазири Исроил, барои замима кардани бахши муҳимме аз сарзаминҳои ишғолии Каронаи бохтарӣ ба хоки Исроилро маҳкум карданд.
Нитонёҳу рӯзи сешанбе, 10 сентябр ваъда дод, ки дар сурати интихоби муҷаддад ба унвони нахуствазир баъд аз интихоботи ҳафтаи оянда, ҳокимияти Исроилро бар дараи Урдун ва шимоли Баҳрулмаййит амалӣ хоҳад кард.
Арабистони Саудӣ ин тарҳро ба шиддат маҳкум карда ва онро иқдоми “бисёр хатарнок” ва “нақзи ошкори маншури Созмони милали муттаҳид” хондааст.
Арабистон ҳамчунин хоҳони баргузории нишасти фавқулодаи вазорати хориҷаи 57 кишвари узви Созмони ҳамкории исломӣ шудааст.
Мақомҳои Урдун ва Туркия ҳам аз тарҳи Нитонёҳу ба тундӣ интиқод кардаанд.
Ииттиҳодияи араб бо хатарнок хондани ваъдаи интихоботии Нитонёҳу, онро иқдоме мутаҷовизона тавсиф кардааст.
Соиб Ариқот, дипломати аршади фаластинӣ, гуфтааст, ки чунин иқдоме мисдоқи “ҷинояти ҷангӣ” хоҳад буд, ки “ҳар гуна шонс барои дастёбӣ ба сулҳро нобуд мекунад”.
Исроил дар соли 1967 Карона бохтарии рӯди Урдунро ишғол кард аммо дар тайи ин панҷ даҳа онро замимаи хоки худ накардааст. Фаластиниҳо тамоми ин сарзаминро бахше аз кишвари мустақили Фаластин дар оянда медонанд.
Нитонёҳу тарҳи ҷанҷолии худро дар ҷараёни муборизоти интихоботӣ ва дар нутқи телевизионӣ эълом кард.
Ӯ гуфт қасд дорад шаҳракҳои яҳудинишини Карона бохтариро ҳам замимаи хоки Исроил кунад аммо барои ин кор маҷбур аст то замони интишори тарҳи Донолд Трамп, раисҷумҳур Амрико, барои расидан ба тавофуқи сулҳ байни Исроил ва фаластиниҳо сабр кунад.
Оқои Нитонёҳу дараи Урдун ва шимоли Баҳрулмаййит дар Карона бохтариро манотиқе хонд, ки метавон “билофосила баъд аз интихобот” ҳокимияти Исроилро бар он амалӣ кард.
Интихоботи Исроил рӯзи сешанбе, 17 сентябр баргузор мешавад.
Нитонёҳу раҳбари ҳизби ростгарои Лекуд аст, ки дар назарсанҷиҳо шона ба шонаи ҳизби миёнарави “Обӣ ва сафед” қарор дорад.
Интихоботи зудҳангоми Исроил чанд моҳ пеш ва дар пайи он эълом шуд, ки Нитонёҳу натавонист ба эътилофи коромад барои ташкили давлат бирасад.
Ӯ илова бар мушкилоти сиёсӣ бо чанд парванда ва иттиҳоми фасоди молӣ ҳам рӯбарӯ аст.
Ба гуфтаи хабарнигори ВВС, тарҳи Нитонёҳу барои замима кардани бахше аз Каронаи бохтарии рӯди Урдун ба эҳтимоли зиёд боиси афзоиши қобили таваҷҷӯҳи ҳимояти ростгароён аз ӯ хоҳад шуд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

