Шарофиддин Гадоев, узви Шӯрои Паймони миллии Тоҷикистон ва раҳбари ҷунбиши мардумии Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон зимни баромадаш дар ҳамоиши ПМТ гуфт, ҳадафи Паймон расонидани миллат ба қудрат аст.
Матни суханронии Шарофиддин Гадоев:
Ҳозирини гироми! Бояд қайд намоям, ки мушкилоти иқтисодиву иҷтимоии мардум ва адолати иҷтимоӣ ҳали воқи худро наёфта то рафт вазият баъдтар мешавад. Яка ҳукмрони ва табдил додани ҳукумат ба як хонавода авҷ гирифтани фасод идори набудани додгоҳҳои мустақил, бекори, бесаводӣ, бесалоҳияти, беқонуни ва ин ҳолати ба вуҷуд омада тамом дастовардҳои Милливу сиёсии ҳифзи истиқлолият ва як порчаги кишваро ва таъмини сулҳ субот, давалати моро ба хатари ҷиддӣ рӯ ба рӯ кардааст.
Мусалам аст, ки суботу сиёси ва амнияти иҷтимои вобаста ба рӯшди истиқлолияти иқтисоди мебошад. Иқтисоди ва сарватҳои табъи кишвар комилан аз ҷониби хонавода Эмомалӣ Раҳмон ғазб карда шуд танҳо ба манфиат онҳо ва хешовандонашон хизмат мекунад. Кариб тамоми соҳибкорони мустақил моликияташон аз ҷониби домоду духтарони Эмомали Раҳмон ғазб карда шуда ва онҳоро ба зиндон афканданд ё куштаанд ва ё аз дасти ин хонавода заҳҳок аз Ватани хеш фирор карданд.
Бояд қайд намояам, ки ҷомеъаи моро ноумедиҳо ва дилсардиҳо ба ояндаи беҳтар фаро гирифтааст. Нерӯҳои қобили меҳнат то рафт ин кишваро хонахез тарк мекунанд. Ва умуман муҳити сиёси ва иқтисоди ва иҷтимои кишваромон дар як ҳолати ногувор қарор дорад.
Сатҳи саводноки ва маърифати ҷомеъаи рӯз то рӯз паст мегардад. Ҷомеъаи мо аз назари дастрасӣ ба саводи муосир ва техналогия то рафт қафо монда ба тадриҷ дар ҳошияаи тамаддуни ҷахони ҷой мегирад. Дар аксарият омору ҷадвалхои ҷахони рушд номи Тоҷикистони азизи мо дар радаҳои охирин қарор мегирад, ва кишвари мо дар рӯйхати 4-умин кишварҳои камбизоат карор дорад, ки ин барои мо фарзандони ин сарзамин хичолатовар ҳаст. Чунин вазият ҳаргиз сазовори як кишвари дорои сарватҳои ғанӣ табъи, имкониятҳои васе ва як миллати дори таъриху тамаддуни бузург нест.
Барои берун оварадан аз ин ҳолати ногувори сиёсиву иқтисоди, иҷтимои бе суботиву беадолат ва муҳаё намудани, шароити муосиро барои зиндагӣ шоиста ва шарфмандона дар паҳлӯи ҳамдигар истода аз ҳақ ва ҳуқуқҳои худ дифо кунем, дар баробари ҳамагуна зулм садо баланд кунем.
Базеҳо мегуяанд мо қудрат мехоҳем ва садо баланд кардани мо низ ба хотири расидан қудрат ҳаст. Бале мо қудрат мехоҳем аммо қудартро ба хотири миллат мехоҳем, мо мехоҳем, ки миллати тоҷик қудратманд, сарватманду сарбаланд сарфароз бошад. Чун миллати мо дори таърихи фарҳанги бойи чандҳазорсола дорад ва ифтихор аз Абӯабдуллои Рӯдакӣ, Ибни Сино, Фирдавсӣву Хайёом, ва ҳазорон абармардони донишманди таърихиву чауср дорад. Мо мехоҳем, ки қудартро аз дасти як гуруҳи рохзан авбошу бешавқату бомаърифат, ки ҳокимияти мардумро ғазб карданд 27 сол аст, ки бо роҳбари Эмомалӣ Раҳмон ба қатлу куштор ва зӯроварӣ ҳокимият мекунанд ва миллати моро ба як миллати тарсу, гадоигару, бечораву, муҳочир табдил доданд ва боз мехоҳанд миллати моро як умр ғуломи бегонагон кунанд, гирифта ба мардуми шарифамон баргардонем.
Мо мехоҳем, ки дар Тоҷикистон азизамон адолат тантана кунад. Аз кишоварзу муаллим муҳандис табиб сар карда то вазиру вакилу президенти дар наздик қонуни як бошанд то, ки волояти қонун таъмин гардад. Мо мехоҳам озоди баёон ва тамоми озодиҳои диниву мазҳабӣ пура таъмин гардад. Шароит барои бавуҷуд овардан ва мустаҳкам кардани институтҳои демократӣ дар Тоҷикистон муҳайё карда шавад. Интихоботҳои озоду шаффофи демократӣ баргузор гардад, додгоҳҳои мустақил одилона дошта бошем.
Мо мехоҳем мардуми Тоҷикистон ба зиндагӣ сазовор, эҳтироми инсони, дастраси ба неъматҳои моддиву маънавии замони муосир сохтани имкониятҳои баробар ва таъмини зиндаги шоиста фароҳам оварда шавад.
Суол ин ҷост, ки киҳо мехоҳанд мардум мо беқудрат бошанд заъфу нотавону пароканда бошад? Дақиқ ҳаст кишварҳои абарқудрати Чин ва Руссия ҳеч гоҳ намехоҳанд, ки Тоҷикистон як кишвари демократ6и пурқувват бошад. Онхо тарафдории авҷ гирифтани фасоди идори ва аз байн рафтани институтҳои демократӣ инчунин нобуд сохтани ҷомаи шаҳрванди Тоҷикистон ҳастанд ва талоши хоҳанд кард, ки ба хотир хадафҳои ғарзноконашон ба сиёсати дохили кишвари мо дахолат карда ба сари қудрат диктатурҳоро ба вуҷуд биоранд то, ки пояаҳои давлатдорӣ мо марҳила ба марҳила суст шуда аз байн раванд.
Новобаста аз дахолати душманони дохили ва беруна барои ободи кишвар ва табдил додани Точикистон ба як кишвари муосири тариқи карда ва истесолкунандаи андешаву арзишхо талош хохем кард.
Мо ба ин бовар ҳастем то замоне ҳуқуқу ва озоди ҳамчун арзишҳои асли ва меҳвари чомеъа этироф ва амали нагарданд, рушди воқъи ҷомеъаи ҳосил намешавад.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

