Tuesday, July 1, 2025
ads
HomeХабарҳоМ. Файзраҳмонов дар САҲА: Дар Тоҷикистон барои як “лайк” даҳ сол зиндон...

М. Файзраҳмонов дар САҲА: Дар Тоҷикистон барои як “лайк” даҳ сол зиндон мекунанд

Суханронии Маҳмудҷон Файзраҳмонов, масъули равобити хориҷии Паймони миллии Тоҷикистон дар нишасти САҲА

Хонумҳо ва оқоёни азиз! 

Намояндагони давлати Тоҷикистон дар ин ҷо аз озодии баён бо садои баланд сӯҳбат мекунанд, ё вақте бо дипломатҳои тоҷик мулоқот мекунед , пешрафтҳои зиёде дар заминаи озодии баён мегӯянд. Аммо воқеият баракс аст ва чизи комилан дигар. 

Тоҷикистон кишваре аст, ки фаъолон ва мардуми одӣ метарсанд ҳангоми истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ монанди файсбук ва одноклассники аз фишор додани тукмаи “писанд” ва “иштирок” истифода кунанд , зеро онҳо медонанд, ки авоқиби бад ва мавриди фишор қарор хоҳанд гирифт.. Оё ин ҳамчун озодии баён дар қарни бисту якум хонда мешавад? 

Дар июни соли 2018 , парлумони Тоҷикистон моддаи 179 қонуни муҷозотро тағйир дод, ки “лайк” ва “ҳамрасонӣ” дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба унвони ҷиноятӣ дар назар гирифта мешаванд, ки 10 сол ҳабс дар зиндон дар бар хоҳад дошт. 

Парвандаҳои ҷиноӣ барои “писанд” ва “ҳамрасонӣ” дар Тоҷикистон 

Дар моҳи майи соли 2018 , Алиҷон Шарипов ба далели тамошо, лайк мондан ва ба иштирокгузории филмҳои таҷаммӯъҳои Ҳизби наҳзати исломӣ дар хориҷ аз кишвар , ба 9,5 сол зиндон маҳкум шуд. Ӯ фақат тугмаҳои “писанд” ва “иштирок”-ро бар рӯйи филмҳои суханони Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва раиси Паймони миллии Тоҷикистон (NAT) фишор дод ва ба тақрибан 10 соли зиндон маҳкум шуд.  

Намояндагон ва дипломатҳои Тоҷикистон, ки ин ҷо ҳузур доранд чи гуна ин мавзӯъро тавзеҳ медиҳанд? 

Ду моҳ пеш, дар моҳи июли соли 2019, як шаҳрванди дигар ба номи Иброҳим Қосимов аз ноҳияи Панҷакент ба ҳамин далел ба 9.5 сол зиндон маҳкум шуд: фишор додани “лайк” ва “ҳамрасонӣ” рӯй постҳои мутааллиқ ба чеҳраҳои мухолиф. 

Тавсия 

Ман аз намояндагони тоҷик дар ин конфронс мехоҳам тавзеҳ диҳанд, ки чӣ гуна қарор додани лайк ё иштирокгузорӣ ба унвони ҷурм талаққӣ мешавад? 

Ман ҳамчунин аз созмони амният ва ҳамкории Аврупо мехоҳам, ки аз давлати Тоҷикистон хостори озодии Алиҷон Шарипов, Иброҳим Қосимов ва ҳама касоне, ки ба далели қарор гузоштани “лайк” ва “ҳамрасонӣ” дар шабакаҳои иҷтимоӣ озод шаванд.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?