Борис Ярошевич, мудири дафтари Осиёи Марказии Иттиҳодияи Аврупо, дар посух ба номаи Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон, изҳор доштааст, ки ҳуқуқи инсон ва ҷилавгирӣ аз шиканҷа яке аз бахшҳои аслии ҳамкории Иттиҳодияи Аврупо бо Тоҷикистон буда, ин масоил дар сӯҳбатҳои рӯ ба рӯ ҳамеша мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Мудири дафтари Осиёи Марказии Иттиҳодияи Аврупо, дар посух ба номаи Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон таъкид карда гуфтааст. “Мо аз ҳукумати Тоҷикистон даъват ба амал меоварем, ки ислоҳот дар бахши ҳуқуқи инсон ва ҷилавгирӣ аз шиканҷаи боздоштшудаҳоро ҳарчи зудтар ба иҷро дароварад.”
Дар ин бора роҳбари Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон ба Паём хабар дод.
Ярошевич дар ҳоле ба номаи КШНГЗС посух менависад, ки чанде пеш масъалаи мавриди шиканҷа қарор гирифтани яке аз зиндониёни сиёсӣ дубора мавриди таваҷҷӯҳи расонаҳо қарор гирифт. Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини роҳбари ҲНИТ ва зиндонии сиёсии тоҷик ду моҳ мешавад, ки аз тахти хоб ва родиюи худ маҳрум буда, ба илова мавриди шиканҷаи равонӣ ва ҷисмӣ қарор гирифтааст.
Савриниссо Ҷӯраева, ҳамсари ҷаноби Ҳайит мегӯяд, ки баъд аз шаш моҳи интизорӣ дигарбора ҳаққи дидор ба шавҳараш фаро расид, ки чун одат ду соат пушти шиша гуфтугӯ кард. Ба гуфтаи хонум Ҷӯраева, масъулони боздоштгоҳи 1 (СИЗО) ҳамвора шавҳарашро зери шиканҷа қарор дода, дастрасии ӯ ба табобат ва доруҳояшро манъ кардаанд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

